Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, кафшергарони тоҷик аз аввали соли 2025 метавонанд ба муҳоҷират ба Кореяи Ҷанубӣ бираванд.
Субҳонқул Раҳимов ва Зиннатулло Саъдуллоев, ду тоҷике, ки дар ҳавопаймои ширкати "Azerbaijan Airlines" буданд, кӣ ҳастанд? Ин ҳавопаймо, ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, рӯзи 25-уми декабр дар ҷануби Қазоқистон суқут кард. Мақомот гуфтанд, аз 67 мусофир ва сарнишин 38 кас ҷон бохт.
Маросими супурдани ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ба беҳтаринҳои мавсими соли 2024 26-уми декабр дар маҷмааи “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе доир гардид.
26-уми декабр дар Озарбойҷон ба хотири қурбониёни ҳавопаймои афтода рӯзи мотами миллӣ эълон шуд.
Нерӯҳои интизомии Русия санади 570 муҳоҷирро дар вилояти Омск санҷидаанд.
Як мард дар шаҳри Гус-Хрусталнии вилояти Владимири Русия бо мошинааш ба бинои комиссариати ҳарбӣ зада, сипас онро сӯзондааст.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи шинохта, вале зиндониро аз Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе ба маҳбаси низомаш сангини шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) бурдаанд.
Додгоҳи ҳарбии шаҳри Маскав гӯштигири тоҷик ва мураббии тими миллии ҷавонони Русия Алишер Исматзодаро бо гуноҳи сармоягузорӣ ба ДОИШ ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст.
Бо сабаби зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз аввали соли 2025 ҳаҷми ҷарима, боҷ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ дар Тоҷикистон андаке зиёдтар мешавад.
Дар осмони қаламравҳои шарқии Амрико чӣ иттифоқе рӯй медиҳад? Ҳафтаҳои ахир ин ҷо шумори бесарнишинҳои бениҳоят зиёд мушоҳида шудааст ва аз сокинони оддӣ сар карда то президенти ояндаро чанд суол ба ташвиш овардааст. Дронҳо аз кистанд ва дар болои сари мардум чӣ кор мекунанд?
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар риштаи гуштии озод ба хотираи Динмуҳаммад Қунаев, собиқ ходими намоёни ҳизбию давлатӣ, ки рӯзҳои 20-22-юми декабр дар шаҳри Тарази Қазоқистон баргузор шуд, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ба бинои нав кӯчидаанд.
Ду зодаи Тоҷикистон ҳам дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткарда дар Қазоқистон будаанд.