Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

"Як хона ба чанд нафар фурӯхта шудааст" Шикояти сокинон дар Хуҷанд

Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд иддао доранд, ки аз ширкате хона хариданд, вале зоҳиран ба доми қаллобон афтоданд. Онҳо мегӯянд, наметавонанд ба хонае, ки пулашро додаанд, соҳиб шаванд. Ин баҳс солҳост ҳалношуда боқӣ монда, сабаби саргардонии мардуми зиёд шудааст.

Сокинон даъво доранд, ки соли 2011 барои сохтмони манзили баландошёна ба ширкати бинокории “Рустам Компания” пул доданд, вале понздаҳ сол боз на хона гирифтаанд ва на пулашонро.

Мадина Олимҷонова яке аз онҳост. Вай мегӯяд, барои хонаи чорҳуҷраӣ пул дод ва бар асоси қарордод бояд дар соли 2014 ба манзили нав мекӯчид, аммо ҳанӯз саргардон аст. Сабабаш ҳам ин аст, ки ба гуфтаи ӯ як хона ба чанд нафар фурӯхта шудааст. “Пас аз чанд сол фаҳмидам, ки пеш аз ман хонаро ба каси дигар фурӯхта будаанд. Ман қабл аз таъмири хона ба он дар шинондам. Дертар фаҳмидам, ки ду нафар мисли ман барои ин хона шартнома доранд.” - гуфт, Мадина Олимҷонова. т

Ҳарчанд сохтмони бино тамом шудааст, зоҳири он вайронаеро мемонад. Лола Каримова, сокини дигари Хуҷанд, ҳам дар ин бино хона харидааст, аммо солҳо боз онро соҳибӣ карда наметавонад, то аз ранҷи иҷорашинӣ халос шавад. Вай гуфт: “Ман ду хонаи якҳуҷраӣ харидам. Ҳашт сол боз хонаро гирифта наметавонем. Ваъдабозию маҷлисбозӣ. Як хонаро се-чор кас харидагӣ. Акнун инҷо ҳама гӯшти якдигарияшро нахӯрад. Ҳама фарзанд дорад.”

Молики ширкати бинокории “Рустам ва К” Толиб Абдуллоев чанде пеш аз зиндон раҳо шуда, писараш Рустам Абдуллоев ҳанӯз дар маҳбас аст. Додгоҳ онҳоро бо иттиҳоми қаллобӣ аз озодӣ маҳрум карда буд. Радиои Озодӣ Толиб Абдуллоевро пайдо кард ва сабаби моҷаро ва роҳи ҳалли қазияро аз ӯ пурсид. Вай гуфт: “Ман боз 6 ё 7 моҳи дигар ҳуқуқи кор кардан надорам. Ҳамон рӯзе, ки ҳуқуқи кор кардан пайдо кунам, корро сар мекунам. Ман як бори дигар ба мақомот муроҷиат мекунам ва онҳо чораи ин корро мегӯянд. Ман ва шумо ҳам бе маслиҳати онҳо ин корро ба анҷом расонида наметавонем. Барои ҳамин, ба мо вақт даркор аст”.

Даъвогарон бо ин шарти молики бино розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, ки борҳо чунин ваъдаро шуниданд, аммо натиҷае нагирифтанд. Мадина Олимҷонова, сокини Хуҷанд нақл кард, ки: “Инҷо шахсоне ҳастанд, ки хона надоранд. Ҳамин қадар сол боз дар иҷора менишинанд. Иҷорапулӣ медиҳанд. Ҳар моҳ як бор маҷлис мекунем, Толиб-ако ба мо ваъда медиҳанд, ки ҳамааш нағз мешавад. Ҳеч не, ки нағз шаваду мо беҳбудӣ дида пеш равем. Аз мақомоти дахлдор илтимос мекунем, ки масъалаи моро ҳал кунанд. Мо 11 сол боз чунин ҳол дорем.”

Сокинони даъвогар ва молики ширкат мегӯянд, тақрибан ҳамаи идораҳои давлатӣ дар вилояти Суғд аз моҷаро огоҳанд ва умедворанд, ки ин муаммо ҳарчи зуд ҳал ва баҳсу ҷанҷол ба поён мерасад.

Бунёди биноҳои баландошёна солҳои охир дар Тоҷикистон бештар шудааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ба ин восита мушкили камбуди манзил ҷуброн хоҳад шуд, аммо иддае аз сифати сохтмонҳо розӣ нестанд ва бархеи дигар аз он шикоят мекунанд, ки хонасозон як манзилро ба чанд нафар фурӯхтаанд. Иҷозаи сохтмони хонаҳоро мақомот медиҳанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus