Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Мулоқоти ҷудогонаи Шаҳбоз Шариф бо муовини Трамп ва ҳайати Эрон

Сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф дар Исломобод бо муовини раиси ҷумҳури ИМА, Ҷей Дӣ Вэнс ва ҳайати Эрон дар алоҳидагӣ дидору мулоқот кардааст.

Ҳадаф аз ин дидор ва ҷамъ омадани ҳайатҳо дар Покистон поён додан ба даргирии Амрикову Исроил бо Эрон аст.

Ҷузъиёти мулоқот бо муовини Доналд Трамп, ки раҳбарии ҳайати Амрикоро бар дӯш дорад, ҳанӯз маълум нест. Дар ин гуфтугӯҳо фиристодаҳои вижаи Доналд Трамп — Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер низ ҳузур доранд, ки нишони муҳимияти ин сафар барои Кохи Сафедро дорад.

Шаҳбоз Шариф дар миёни ду тими музокиракунанда нақши миёнрави асосиро иҷро мекунад. Вай дар дидор бо Вэнс гуфтааст, умедвор аст, гуфтугӯҳои рӯзи шанбе “санги бинои сулҳи пойдор дар минтақаро мегузорад”.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Форс”, ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ наздик аст, аз қавли манобеи ҳукуматии Эрон хабар дод, ки ҳайати Теҳрон пас аз анҷоми гуфтугӯ бо Шаҳбоз Шариф, ҳоло масъалаи баргузории музокироти мустақим ё ғайримустақим бо тими Амрикоро баррасӣ дорад.

Агар ин дидор сурат бигирад, он метавонад як таҳаввули бесобиқа ва таърихӣ дар равобити ду кишвар бошад. Ҳоло ҷаҳон бо диққат ба натиҷаи музокирот дар Исломобод чашм духтааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus