Шарти Эрон барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ дар Исломобод
Раиси порлумони Эрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф гуфт, қабл аз оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Амрико, бояд ду шарти асосии онҳо иҷро шавад. Вай рӯзи 10-уми апрел дар шабакаи иҷтимоии Х эълом кард, ки пеш аз нишастан сари мизи музокирот бояд ҳамла ба Лубнон қатъ ва дороиҳои масдудшудаи Эрон озод карда шаванд.
Ба иддаои Қолибоф ин шартҳо аз сӯйи ду ҷониб мувофиқа шуда буданд. Вай ҳамзамон ҳушдор дод, ки то замоне, ки ин шартҳо иҷро нашаванд, музокирот оғоз нахоҳад шуд. Қолибоф дар ин бора ҷузъиёт надодааст.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳам ба зарурати оташбас дар Лубнон таъкид кард. Қолибоф ва Ироқчӣ ҳарду шомили ҳайати Эрон барои гуфтугӯ бо Амрико ҳастанд. Бо вуҷуди эълони шартҳои худ барои ширкат дар ин музокирот Эрон як ҳайати иборат аз 70 нафарро ба Покистон фиристодааст.
Қарор аст музокироти ИМА ва Ирон имрӯз 11- уми апрел дар пойтахти Покистон баргузор шавад. Ҳайати Амрикоиро дар ин гуфтугӯҳо Ҷей Дӣ Вэнс, муовини Доналд Трамп раҳбарӣ хоҳад кард. Ӯ аллакай вориди Исломобод шудааст. Дар ин сафари муҳим ӯро як гурӯҳ аз мақмдорони баландпоя ва фиристодаҳои вижаи президент, Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар остонаи оғози гуфтугӯҳо дар Исломобод дар ҳузури хабарнигорон гуфт, интизори пешрафт дар музокирот аст. Вай гуфт, “бо ё бидуни ҳамкории Эрон” тангаии Ҳурмуз “ба зудӣ” боз хоҳад шуд. Раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки иҷоза нахоҳад дод Эрон назорати гулӯгоҳи Ҳурмузро ба даст гирифта, аз киштиҳо "боҷ" ситонад.
Бозгушоии Тангаи Ҳурмуз яке аз бахшҳои муҳим ва аслии музокироти дуҷонибаест, ки бояд рӯзи шанбе дар Исломобод матраҳ шавад.
Бо ин ҳама, дурнамои дастёбӣ ба як сулҳи пойдор ҳамчунон норӯшан боқӣ мемонад. Фишорҳои мутақобилаи ҷонибҳо, авзои печидаи даргириҳои минтақавӣ ва ихтилофҳои бунёдӣ бар сари шартҳои аслӣ барои расидан ба сулҳ, ин равандро боз ҳам мушкилтар мекунад.
Дар зимн, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Исломӣ даъват кард, ки барои дастёбӣ ба як тавофуқи пойдор ва поён додан ба ҷанг ҷиддан талош кунанд.
Стефан Дуҷаррик, сухангӯи Созмони Милал, аз қавли Антонио Гутерриш гуфт: “Ду тараф бояд аз музкоирот дар Покистон ҳамчун фурсати хубе барои дастёбӣ ба як созиши фарогиру босубот бо ҳадафи коҳиши танишҳо ва пешгирӣ аз сар задани дубораи хушунатҳо истифода баранд”.