Шаҳрдории Душанбе дар пайи як санҷиш аз кори нақлиёти умумӣ танқид кард. Рӯзи 6 апрел муовини раиси шаҳр аз кори автобусу тролейбусҳо дидан карда, аз тоза набудани мошинҳо нигаронӣ намудааст. Норозигӣ аз кори нақлиёт ва муносибат бо мусофирон кам нест. "Озодӣ" назари мардумро дар ин бора пурсид.