Маҷлиси намояндагон лоиҳаи ду қонунро рад кардааст
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар як иқдоми камсобиқа лоиҳаи ду қонунро баргардондааст.
Ба гузориши нашрияи порлумонии "Садои мардум", Шӯрои Маҷлиси намояндагон 13-уми март қарор кард, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ" баргардонда шавад.
Дар хабари расмӣ ҷузъиёт дода нашудааст. Дар бораи лоиҳаи ин қонун ва сабабҳои баргардондани он дар манобеи боз низ маълумоте нест.
Ба иттилои расмӣ, Шӯрои Маҷлиси намояндагон рӯзи 16-уми март ҳамчунин лоиҳаи қонун "Дар бораи идоракунии рақамӣ"-ро бозпас гардондааст.
Дар бораи сабабҳои баргарондани ин лоиҳаи қонун низ шарҳе дода нашудааст. Лоиҳаи қонун дар бораи "Дар бораи идоракунии рақамӣ" моҳи ноябри соли 2025 расонаӣ шуда буд. Он вақт Маҷлиси намояндагон лоиҳаи ин қонунро барои додани хулоса ба кумитаҳои порлумон фиристода буд.
Порлумони Тоҷикистонро барои бидуни баҳс қабул кардани қонунҳо танқид мекунанд. Худи вакилон ин интиқодро қабул надоранд ва мегӯянд, лоиҳаи қонунҳо то расидан ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва такмил мешаванд.
Палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки аксари онҳо аъзои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва аҳзоби тарафдори ҳукумат ҳастанд. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ягона ҳизби мухолифи расмӣ дар кишвар гуфта мешавад, дар порлумон намоянда надорад.