Оташбаси муваққат миёни Покистон ва Толибон ба муносибати Иди Фитр
Покистон ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон, шаби гузашта эълон карданд, ки ба муносибати Иди Фитр, бо дархости Арабистони Саудӣ, Қатар ва Туркия муваққатан оташбас карданд.
Атоуллоҳ Тарар, вазири иттилооти Покистон чоршанбеи 18 март гуфт, ин оташбас аз панҷшанбе то нимашаби душанбе иҷро хоҳад шуд. Ӯ дар шабакаи Х навишт, "Покистон ин иқдомро ҳамчун ҳусни ният ва дар ростои риояи арзишҳои исломӣ анҷом медиҳад".
Аммо Атоуллоҳ Тарар ҳушдор дод, ки "дар сурати ҳар гуна ҳамлаи фаромарзӣ, ҳамлаи паҳбодӣ ё ҳар ҳодисаи террористӣ дар дохили Покистон, амалиётҳо фавран оғоз хоҳанд шуд".
Андаке пас аз ин эълони Покистон, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид , сухангӯи ҳукумати Толибон низ аз қатъи муваққати даргирӣ миёни ду тараф хабар дод. Аммо сухангӯи ҳукумати Толибон ба замони поёни ин оташбас ишора накард.
Ӯ дар баёнияе гуфт, ки онҳо ба муносибати Иди Фитр ва низ ба дархост ва миёнаравии кишварҳои исломӣ, аз ҷумла, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Қатар, амалиёти дифоии "Ради зулм"-ро ба таври муваққат қатъ мекунанд.
Дар идома омадааст, ки ҳукумати Толибон ҳифзи амнияти миллӣ, ҳокимият ва ҷони шаҳрванди Афғонистонро вазифаи худ медонад ва дар сурати таҳдид, ба ҳар гуна ҳамла посух хоҳад дод.
Оташбаси муваққат миёни ду тараф дар ҳоле эълон мешавад, ки рӯзҳои ахири даргирӣ миёни ду тараф боло гирифт ва ба гуфтаи масъулини ҳукумати Толибон, дар як ҳамлаи ҳавоии Покистон ба як бемористони нигаҳдории муътодони маводи мухаддир дар Кобул, садҳо нафар кушта шуданд. Покистон иддао дорад, ки ба як корхонаи паҳбодсозӣ ва анборҳои аслиҳа ҳамла кардааст.