Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки пас аз шикасти ДОИШ дар Ироқу Сурия ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар Афғонистон ҷамъ шуда, барои суботу амнияти ин кишвар “хатари ҷиддиро ба миён овардаанд”. Ин нукта дар тарҳи “Стратегияи пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризм то соли 2040 дар Тоҷикистон” зикр ёфтааст.