"Бо мардум дағалӣ накунед." Талаби як мансабдори ВКД аз маъмурони милиса
Як мансабдори баландпояи Вазорати корҳои дохилӣ аз маъмурони милиса ва нозирони роҳ дар шаҳри Панҷакент хостааст, бо мардум хушмуомилаву нарм бошанд ва дағаливу бадрафторӣ накунанд.
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 10-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, генерал Маҳмадсафар Пирзода аз афсарону маъмурони милисаи шаҳри Панҷакент хостааст, ҳангоми иҷрои вазифа манфиати давлату ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд ва аз ҳадди ваколати хидматӣ нагузаранд.
Дар баёния ҳамчунин омадааст, Маҳмадсафар Пирзода аз ҳайати кормандон талаб кардааст, ки “зимни иҷрои вазифа бо мардум хушмуомила бошанд.”
Пирзода сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аст.
Ҷаласа бо маъмурони милиса дар шаҳри Панҷакент баъди ҷанҷолу кашмакаши нозирони роҳ бо ронандагон дар ноҳияи Мастчоҳ сурат гирифт.
Баъди нашри видеои ин моҷарои ҳиҷолатовар барои мақомоти интизомии Тоҷикистон, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6-уми март раҳбарони додгоҳ, додситонӣ ва пулиси ноҳияи Мастчоҳро аз мақомҳояшон барканор кард.
Дар ин видео, ки рӯзи 3-юми март корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки чанд нозири роҳ бо ронандагон даъвову кашмакаш доранд ва ҳамдигарро дашномҳои зишту қабеҳ медиҳанд.
Шикоят аз бадрафтории маъмурони милиса ва тамаъҷӯии нозирони роҳ дар Тоҷикистон ҳамеша вуҷуд дорад, агарчӣ Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳар касе, ки аз салоҳиятҳои хидматии худ фаротар меравад, ҷазо мегирад.