Раисҷумҳури Амрико рӯзи 9-уми март гуфт, амалиёти низомӣ алайҳи Эрон, ки охири моҳи феврал оғоз шуда буд, "ба зудӣ" поён хоҳад ёфт. Доналд Трамп ҳамзамон ваъда дод, ки агар Эрон монеи интиқоли нафт аз Ховари Миёна шавад, зарбаҳои "сахттар" ин кишварро интизор аст.