Эълони мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармони даъвати баҳории ҷавононро ба артиш имзо кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти президент 28-уми феврал хабар дод.
Бар пояи он, моҳҳои апрел-май ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.
Даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола бо сару садо дар бораи сарпечии ҷавонон аз хидмат ва ҷалби маҷбурӣ (облава) олуда мешавад.
Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд, ки гоҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.
Мақомот мегӯянд, ки вазъ дар қисмҳои ҳарбӣ назар ба солҳои пеш беҳтар шудааст.