Хабаргузории Бохтар, ки зери назорати ҳукумати Толибон кор мекунад, аз мавҷи тозаи ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои низоми Покистон дар хатти марз хабар дод. Телевизиони давлатии зери назари Толибон ҳам бо такя ба сухангӯи волии Толибон дар вилояти Хуст хабари ҳамлаҳои навро пахш кардааст.