Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

"Барқи тоҷик" аз сабук шудани "лимит" дар моҳи Рамазон хабар дод

Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, маҳдудият ё "лимит"-и барқ барои аҳолӣ дар моҳи Рамазон сабуктар мешавад. Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" 18-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи 19-уми феврал сокинони кишвар аз соати 15 то 8-и рӯзи баъд бо барқ таъмин хоҳанд шуд.

Манбаъ мегӯяд, давоми як моҳи Рамазон интиқоли барқ ба манзили сокинон танҳо аз соати 8 субҳ то 15 қатъ мешавад.

Феълан сокинони Тоҷикистон аз соати 5 то 8 ва аз 17 то 21-и шом барқ бо барқ таъмин ҳастанд.

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 19-уми феврал оғоз шуда, то 20 март идома мекунад.

Сарфи назар аз зиёд шудани истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон, ҳамасола беш аз нисфи мардуми Тоҷикистон аз миёнаҳои моҳи сентябр то поёни апрел дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6-7 соат барқ доранду халос.

Онҳо ин вазъро хеле вазнин ва машаққатовар меноманд.

Мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки соли 2027 кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад ва маҳдудияти барқ аз байн хоҳад рафт. Ҳарчанд бархеҳо ба ин чиз шубҳа доранд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus