Вакил хоҳони сахттарин ҷазо ба гумонбарони "Крокус" шуд
Вакили ҷабрдидагони ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳол"-и Маскав гуфтааст, дар мурофиаи навбатӣ аз додрас талаб хоҳанд кард, ки ба ҳамаи муттаҳамон "ҷазои сангинтарин" дода шавад.
Людмила Айвар дар ин бора рӯзи 16-уми феврал ба хабаргузории расмии ТАСС мусоҳиба додааст.
Аз рӯйи қонунҳои Русия ҳукми сангинтарин ҳабси абад аст.
Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав, ки рӯзи 22-юми марти соли 2024-ум рух дод, 149 нафар нафар кушта ва 609 кас маҷрӯҳ шуданд.
Муҳокимаи гумонбарон аз моҳи августи 2025 дар Додгоҳи дуюми ҳавзаи ғарбии низомӣ дар Маскав ҷараён дорад.
Дар курсии айбдорӣ 19 нафар нишастаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.
Мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва маълум нест, то куҷо ҳуқуқи гумонбаршудагони ҳамла ба "Крокус" риоя мешавад.
Нерӯҳои қудратии Русия ҳангоми боздошти гумонбарон даст ба азияту шиканҷаи бераҳмонаи онҳо заданд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба мисли Human Rights Watch гуфтанд, ба эътирофи гумонбарон бовар кардан душвор аст.