Блогерони тоҷик беш аз 12 млн сомонӣ даромад гирифтаанд
Соли гузашта блогерони тоҷик 12,8 миллион сомонӣ ё 1,3 миллион доллар даромад гирифтаанд.
Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтанд, блогерон соли гузашта ба давлат 2,4 миллион сомонӣ ё 257 ҳазор доллар молиёт супоридаанд. Ҳаҷми молиёти супоридаи блогерон назар ба як соли пеш 97,3 ҳазор сомонӣ ё 10 ҳазор доллар камтар будааст.
Мустақилона тасдиқи ин рақамҳо аз манобеи мустақил имконпазир нест.
Тибқи омори расмӣ, феълан 119 нафар ҳамчун блогер дар Кумитаи андоз сабт шудаанд.
Сабти номи блогерҳо дар Тоҷикистон соли 2020 сар шуд.
Мақомот ба ин бахш замоне таваҷҷуҳ карданд, ки сафи блогерон барои гирифтани даромад бештар шуд.