Танҳо дар як шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 240 миллион сомонӣ, баробар ба 25 миллион доллар, зарари молӣ ошкор шудааст. Ин рақамро намояндагони Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 13-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон эълон карданд.