Довталабон барои мизбонии Ҷоми футболи Осиё-2031 эълон шуданд
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) рӯйхати ниҳоии довталабонро барои баргузор кардани Ҷоми футболи Осиё-2031 тасдиқ кард.
Чунонки сомонаи расмии AFC хабар додааст, ба рӯйхати ниҳоии кишварҳое, ки барои баргузории Ҷоми Осиё-2031 доталабанд, Австралия, Ҳиндустон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, инчунин дархости муштарак аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистон дохил шудаанд.
Конфедератсияи футболи Осиё мизбони Ҷоми Осиё-2031-ро имсол эълон хоҳад кард.
Бояд зикр намуд, дар ҳамин ҳол дар шаҳри Душанбе барои баргузор кардани Ҷоми Осиё-2031 сохтмони иншооти бузургтарини варзишӣ дар Тоҷикистон – Варзишгоҳи миллӣ, ки барои беш аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, ҷараён дорад.
Ҳамзамон сомонаи расмии AFC хабар додааст, ки кишварҳои номзад барои баргузории Ҷоми футболи Осиё-2035 муайян шуданд. Инҳо Австралия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Кувайт мебошанд.
Қаблан Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон низ барои дар соли 2035 баргузор намудани Ҷоми Осиё дархости муштарак пешниҳод карда буданд.
Ҷоми футболи Осиё сар аз соли 1956 дар чаҳор сол як маротиба, пас аз як соли мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, барпо мегардад. Аз ҳама бештар - чаҳор бор - Ҷоми футболи Осиёро мунтахаби Ҷопон соҳиб шудааст. Тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Эрон себорӣ қаҳрамони Осиё гаштаанд.
Аз соли 2019 дар ин мусобиқа 24 дастаи мунтахаби қора иштирок мекунад. Охирин мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё соли 2023 дар Қатар баргузор шуда, бо ғалабаи соҳибони майдон анҷом ёфта буд. Мусобиқаи соли 2027 дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.