Аз 30 ҳазор то 100 ҳазор сомонӣ. Ин арзиши қалин, маҳр ё хароҷотест, ки хонаводаи домод дар Тоҷикистон бояд ба ҷониби арӯс бипардозад. Ин таҷриба дар чанд соли охир расм шудааст. Пештар ин хароҷот дар шакли моддӣ, аз чорво то орду равғану молу матоъ ё ҷевону рахтихобро дар бар мегирифт.