Чанд манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомӣ рӯзи дувуми феврал тасдиқ карданд, ки дар ҳодисае дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд “як зиндонӣ безарар карда шудааст”. Мақомот дар Тоҷикистон ин ибораро бештар ба ҷойи куштан ё маҳв кардан истифода мебаранд.