Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Муроҷиати гурӯҳи фаъолони сиёсии тоҷик ба вазири Олмон дар бораи кори сафир

Гурӯҳе аз фаъолони сиёсӣ ва мухолифони ҳукумат дар як муроҷиатномаи боз Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Берлинро ба он муттаҳам кардаанд, ки ба фаъолиятҳои “берун аз ваколату ӯҳдадориҳои дипломатӣ” даст мезанад. Иддаое, ки ба гуфтаи як намояндаи сафорат “бедалел ва хандаовар аст. ”

Дар ин муроҷиатномаи боз ба номи вазири умури хориҷии Олмон, ки рӯзи 28-уми январ дар Фейсбук нашр шудааст, 13 нафар, аз ҷумла ⁠Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мунтақидони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон, ⁠Шарофиддин Гадоев раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, Абдусаттор Бобоев, фаъоли сиёсӣ ва Меҳмоншо Шарифзода, аз ҷомеашиносони муқими хориҷ имзо гузоштаанд.

Дар муроҷиатнома иддао шудааст, ки яке аз вазифаҳои сафир “ҷамъоварии маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла мухолифони сиёсӣ ва фаъолони озодихоҳ аст”, ки аксарият дар Олмону дигар кишварҳои Аврупо ба мисли Лаҳистон зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи муаллифони муроҷиатнома, ингуна фаъолият метавонанд ба амнияти паноҳандагону шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон таҳдид эҷод кунад.“

Дар ин нома далели мушаххасе роҷеъ ба фаъолиятҳои ғайридипломатии сафорати Тоҷикистон оварда нашудааст, вале Дилшод Шарипов, яке аз муаллифони муроҷиатнома гуфт, ки ингуна далелҳоро дар даст доранд.

Дар вокуниш ба ин муроҷиатнома намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Берлин иддаоҳои муаллифони муроҷиатномаро беасос номид ва гуфт: “Мо на вазорати корҳои дохилӣ ҳастем, на амният ҳастем, на дигар, мо дипломат ҳастем, коргарони вазорати корҳои хориҷӣ.”

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки вазифаи дипломатҳои сафорат, кор бо ҳамватанон аст, ҳимояти ҳуқуқи ҳамватанон аст, ин вазифаи мо аст. Ӯ афзуд: “Мо бо ҳамватанон робитаи хуб дорем, ин чӣ бадӣ дорад.”

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus