Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Мақомот гуфтанд, ки суръати интернет баландтар шудааст, вале...

Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иддао дорад, ки суръатии интернет дар кишвар беҳтар шудааст. Ӯ рӯзи 28-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бо насби таҷҳизоти иловагӣ ва пурра фаро гирифтани кишвар бо системаи баландсуръати насли 4 ва 5-и робита вазъ боз беҳтар хоҳад шуд.

Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: “Ба ширкатҳои мобилӣ дастур дода шудааст. Созишномаҳое, ки мо бо ҳар як ширкати мобилӣ ба имзо расонидаем, соли 2027 бояд сад дар сад фарогирии 4G дар тамоми ҷумҳурӣ бо назардошти роҳҳои автомобилгард бояд таъмин гардад”.

Ба қавли ӯ, аҳолии Тоҷикистон соли 2030 бо интернети насли 5 пурра фаро гирифта мешавад. Аммо назари сокинон ба сифати интернет ва дастрасӣ ба он гуногун аст. Чанде аз онҳо дар сӯҳбати сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд:

«Бисёр бад аст, пулаш қимат аст, лекин на дар ҳама ҷо васл намешавад.»

«Дар Душанбе хуб аст, лекин дар Ваҳдат суст аст.»

«Интернет дар Душанбе хуб, валеберун аз он қадар хуб нест”.

Шикоятҳо аз дастрасӣ ба интернест ва суръати сусти он ҳамеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба назар мерасад. Дар Хадамоти алоқа гуфтанд, айни чунин шикоятҳо ба онҳо низ расидааст.

Ба иттилои ин ниҳод, соли сипаришуда бештар аз 5 ҳазору 700 арзу шикоятро аз сӯи сокинон дастрас кардаанд ва аксари онҳо аз сатҳи хадамоти мобилӣ ва суръати интернет дар шаҳру навоҳии кишвар норозигӣ кардаанд. Дар пайи арзу шикоятҳо, ба қавли раҳбари Хадамоти алоқа, нисбат ба ширкатҳои мобилӣ парвандаи маъмурӣ оғоз шудааст ва онҳоро 400 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Чунин муҷозот ё иқдомҳои дигари Хадамоти алоқа то куҷо метавонад мушкили мардумро ба дастрасӣ ва интернет ҳал кунад, маълум нест. Ба иттилои расмӣ, феълан шумораи истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит дар Тоҷикистон бештар аз 5 миллион нафар будааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus