Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Парвоз” ва “Истаравшан” ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 роҳ ёфтанд

Марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2026 дар минтақаи Суғд ба поён расид.

Дар ин минтақа чаҳор дастаи лигаи олӣ - «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Эсхата» (Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) ва се дастаи лигаи якум – «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Саразм» (Панҷакент) ва «Исфара» (Исфара) – ширкат варзида, дар ду гурӯҳ рақобат карданд.

Бозиҳо аз 21-ум то 26-уми январ дар варзишгоҳи “Лочин”-и Хуҷанд баргузор шуда, бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд:Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«Парвоз» - «Мастчоҳ» – 1:2

«Эсхата» - «Хуҷанд» – 3:1

Даври 2-юм

«Парвоз» - «Эсхата» – 9:0

«Мастчоҳ» - «Хуҷанд» – 0:4

Даври 3-юм

«Хуҷанд» - «Парвоз» – 1:3

«Эсхата» - «Мастчоҳ» – 3:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “А”: 1. “Парвоз” 3 бозӣ, 6 имтиёз, таносуби тӯбҳо 13-3. 2. “Мастчоҳ” 3 бозӣ, 4 имтиёз, 5-8. 3. “Эсхата” 3 бозӣ, 4 имтиёз, 6-13. 4. “Хуҷанд” 3 бозӣ, 3 имтиёз, 6-9.

Гурӯҳи «Б»

Даври 1-ум

«Саразм» - «Исфара» – 1:0

Даври 2-юм

«Истаравшан» - «Саразм» – 5:0

Даври 3-юм

«Истаравшан» - «Исфара» – 11:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “Б”: 1. “Истаравшан” 2 бозӣ, 6 имтиёз, таносуби тӯбҳо 16-0. 2. “Саразм” 2 бозӣ, 3 имтиёз, 1-5. 3. “Исфара” 2 бозӣ, 0 имтиёз, 0-12.

Дастаҳои “Парвоз“ ва “Истаравшан” ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад, роҳ ёфтанд.

Дар минтақаи Душанбе панҷ дастаи лигаи олӣ - КМВА (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ҳосилот» (Фархор), «Сардор» (Турсунзода) ва панҷ дастаи лигаи якум – «Шодмон» (Ҳисор), «Шоҳмансур» (Душанбе), «Душанбе» (Душанбе), «Рангон» (ноҳияи Рӯдакӣ), «Саройкамар» (Панҷ) - иштирок доранд.

Натоиҷи бозиҳои ду даври мусобиқа дар минтақаи Душанбе чунин аст: Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

«Рангон» - «Шодмон» – 3:2

Даври 2-юм

«Регар-ТадАЗ» - «Сардор» – 0:1

Гурӯҳи «Б»

Даври 1-ум

«Душанбе» - «Барқчӣ» – 1:2

Даври 2-юм«Ҳосилот» - «Саройкамар» – 2:0

Аз минтақаи Душанбе чаҳор дастаи беҳтарин (аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 роҳ меёбад.

Дар минтақаи Хатлон ҳашт дастаи лигаи якум - «Ҳулбук» (Восеъ), «Ҷиликӯл» (Дӯстӣ), «Сомон» (Данғара), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Моҳир» (Ёвон), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Норак» (Норак) ва «Рахш» (Восеъ) - ширкат доранд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.

Дар даври аввали мусобиқа дар гурӯҳи “А” дар варзишгоҳи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ “Ҷиликул” бо “Моҳир” ва “Сомон” бо “Панҷшер” бозӣ мекунанд.

Дар даври аввали бозиҳо дар гурӯҳи “Б”дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ “Сарҳадчӣ” бо “Рахш” ва “Ҳулбук” бо “Норак” вориди рақобат мешаванд.

Аз минтақаи Хатлон ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 роҳхат мегиранд.

Ба ин тартиб, марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 бо иштироки 25 даста (9 тими лигаи олӣ ва 16 дастаи лигаи якум) сурат гирифтааст. Аммо се дастаи лигаи олӣ – “Истиқлол”-и Душанбе, “Вахш”-и Бохтар ва “Равшан”-и Кӯлоб – ин дафъа дар ин мусобиқа ширкат накарданд.

Маблағи умумии ҷоизавии Ҷоми ФФТ 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб бо 50 000 сомонӣ мукофотонида мешавад. Барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ сарфароз мегарданд.Ёдовар мешавем, соли гузашта «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда буд. Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори понздаҳум сурат гирифтааст. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus