Муборизаи 25 даста барои Ҷоми ФФТ-2026 дар се минтақа
Марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2026 дар се минтақа: Душанбе, Суғд ва Хатлон доир мегардад.
Дар минтақаи Душанбе панҷ дастаи лигаи олӣ - КМВА (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ҳосилот» (Фархор), «Сардор» (Турсунзода) ва панҷ дастаи лигаи якум – «Шодмон» (Ҳисор), «Шоҳмансур» (Душанбе), «Душанбе» (Душанбе), «Рангон» (ноҳияи Рӯдакӣ), «Саройкамар» (Панҷ) - иштирок мекунанд.
Тибқи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд:
Гурӯҳи «А»: «Рангон» (Рӯдакӣ), «Сардор» (Турсунзода), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Шоҳмансур» (Душанбе), «Шодмон» (Ҳисор).
Гурӯҳи «Б»: «Душанбе» (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Саройкамар» (Панҷ), КМВА (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор).
Мусобиқа дар минтақаи Душанбе 23-юми январ оғоз меёбад. Аз ин минтақа чаҳор дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 роҳ меёбад.
Дар минтақаи Суғд чаҳор дастаи лигаи олӣ - «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Эсхата» (Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) ва се дастаи лигаи якум – «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Саразм» (Панҷакент) ва «Исфара» (Исфара) - иштирок мекунанд.
Натиҷаҳои қуръакашӣ дар минтақаи Суғд:
Гурӯҳи «А»: «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Эсхата» (Хуҷанд).
Гурӯҳи «Б»: «Истаравшан» (Истаравшан), «Саразм» (Панҷакент), «Исфара» (Исфара).
Дар минтақаи Суғд оғози мусобиқа 21-уми январ дар варзишгоҳи “Лочин”-и шаҳри Хуҷанд дар назар аст. Аз ин минтақа ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад, роҳ пайдо мекунанд.
Дар минтақаи Хатлон танҳо як дастаи лигаи олӣ - «Ҳулбук» (Восеъ) ва ҳафт дастаи лигаи якум – «Ҷиликӯл» (Дӯстӣ), «Сомон» (Данғара), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Моҳир» (Ёвон), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Норак» (Норак), «Рахш» (Восеъ) - ширкат меварзанд.
Натиҷаҳои қуръакашӣ дар минтақаи Хатлон:
Гурӯҳи «А»: «Ҷиликул» (Дӯстӣ), «Сомон» (Данғара), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Моҳир» (Ёвон).
Гурӯҳи «Б»: «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Ҳулбук» (Восеъ), «Норак»?(Норак), «Рахш» (Восеъ).
Рӯзи 26-уми январ дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ марҳилаи аввали бозиҳо дар гурӯҳи “А” шуруъ мешавад. Дар гурӯҳи “Б” бошад, мусобиқа 27-уми январ дар варзишгоҳи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз меёбад. Аз ҳар гурӯҳ дастаи ғолиб ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 роҳхат мегирад.
Баргузории марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 дар минтақаҳои Суғду Хатлон ба зиммаи федератсияҳои минтақавӣ вогузор шудааст.
Ба ин тартиб, дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 ҳамагӣ 25 даста (10 тими лигаи олӣ ва 15 дастаи лигаи якум) иштирок мекунанд. Аммо ду дастаи лигаи олӣ – “Истиқлол”-и Душанбе ва “Вахш”-и Бохтар – ин дафъа дар ин мусобиқа ширкат намеварзанд.
Маблағи умумии ҷоизавии Ҷоми ФФТ 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб бо 50 000 сомонӣ мукофотонида мешавад. Барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ сарфароз мегарданд.Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бори ҳафтум Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-ро ба даст овард.
Дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ барои ҷойи сеюм бар тими “Сомон”-и Данғара бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори понздаҳум сурат мегирад. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2025):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:02013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 6:52014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:02015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:12016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:02017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:12018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:12019 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:52020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:22021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:12022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:42023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:12024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:02025 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА (Душанбе) – 2:0