Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Марги асроромези Оиша.Заҳролуд шуд ё ӯро куштанд?

Волидони як ҷавонзани фавтида дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ иддао доранд, ки духтарашон бар асари шиканҷа дар хонаи шавҳар фавтидааст. Онҳо дар марги Оиша Каримоваи 23 сола шавҳари ӯро гунаҳкор медонанд, ба қавли онҳо, дар гузашта низ чанд дафъа ба ҳамсараш бадрафторӣ кардааст.
Мадина Салимова, модари Оиша Каримова дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: "Се бор ҳамин хел духтари маро қуртуқҷаф кардагӣ буд. Арусаки якмоҳа буд ҳамин хел кард, беморхона бурданд. Як бори дигар дар Федератсияи Русия ҳамин хел кард. Сеюмбора духтарамро кушт."
Волидони Оишаи марҳум мегӯянд, қабл аз дафни духтарашон дар ҷисми ӯ нишонаҳои латукӯб ва шиканҷаро дидаанд. Чанд акс ҳам аз осори шиканҷа дар бадани духтарашон дар даст доранд. Амирҷон Каримов, падари Оиша гуфт: "Дар гарданаш пайи буғӣ кардан ҳаст, аз гулуяш қапида буғӣ кардааст. Баданаш ҳама сип-сиёҳ, кабуд, кандагӣ. Нишонаҳои қатлаш бисёр аст".
Ба нақли волидон ҷасади Оишаро муоинаи тиббӣ-судӣ кардаанд, аммо бо гузашти даҳ рӯз ҳанӯз хулосаи муоинаро ба онҳо нишон надодаанд. Танҳо табибон ба онҳо гуфтаанд, ки духтаратон аз дуди движок ё генератор дар ҳаммом фавтидааст: "Вақте ки ба беморхона меоранд, аллакай вайро барвақт ҷонаш баромадагӣ. Табибон гуфтанд, аз дуди движок заҳролуд шуда мурдааст".- нақл кард, Амирҷон Каримов, падари Оиша.
Вале то ҳол ҳеҷ санади расмие ба хонаводаи марҳум пешниҳод накардаанд, ки марги ӯро аз дуди генератор собит кунад.


Тамосҳои батаркрори мо бо бемористон ва мақомоти додситонӣ бепосух монд. Падари ҷавон бо шунидани пурсиш атрофи ин қазия гӯширо хомӯш кард.
Сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ гуфт баъдан тамос гиред, вале дигар ба тамосҳои мо посух надод. Танҳо яке аз наздикони хонаводаи шавҳари Оиша иддаои аз шиканҷа фавтидани ӯро беасос хонда, гуфт, ҳангоми шустушӯ дар ҳаммом, ки он ҷо генератор кор мекардааст, заҳролуд шуда фавтидааст. Акнун хонаводаи Оишаи марҳум мунтазири хулосаи тиббии додгоҳӣ ҳастанд. Амирҷон Каримов, падари Оиша мегӯяд, ҳоло фақат як хоҳиш дорад: " Ҳамин қотил дар назди қонун бо адолат ҷавоби худашро диҳад. Ҷазо дода шавад."
Оиша ва шавҳараш Давлатёр дар 5 соли зиндагии муштарак соҳиби як писар шудаанд. Шавҳараш ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ рафта, ба қавли модари Оиша чанде пеш аз Русия баргашт ва зиндагияшон миёна доштанд.
Ин бори аввал нест, ки волидон аз марги духтаронашон бар асари шиканҷа дар хонаи домод шикоят мекунанд. Чунин нигарониҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки шиканҷа нисбати занҳо бештар шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли сипаришуда 763 зан аз хушунат шикоят кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 256 ҳолат бештар аст.
Як пажӯҳиши Барномаи Рушди Созмони Милал дар гузашта нишон додааст, ки 67 дарсад дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки зӯроварӣ ба зан дар оила як кори маъмулист ва мақомот ба таҳқиқи чунин парвандаҳо талоши зиёд надоранд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus