Дар Душанбе даҳ даста барои Ҷоми ФФТ- 2026 мубориза мебарад
Маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи анъанавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2026 дар минтақаи Душанбе 12-уми январ доир гардид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ-2026 пеш аз оғози мавсим дар ду марҳила - пешакӣ ва ниҳоӣ - баргузор мегардад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон – тақсим мешаванд.
Дар минтақаи Душанбе панҷ дастаи лигаи олӣ - КМВА (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ҳосилот» (Фархор), «Сардор» (Турсунзода) ва панҷ дастаи лигаи якум – «Шодмон» (Ҳисор), «Шоҳмансур» (Душанбе), «Душанбе» (Душанбе), «Рангон» (ноҳияи Рӯдакӣ), «Саройкамар» (Панҷ) - иштирок мекунанд.
Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд:
Гурӯҳи «А»: «Рангон» (Рӯдакӣ), «Сардор» (Турсунзода), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Шоҳмансур» (Душанбе), «Шодмон» (Ҳисор).
Гурӯҳи «Б»: «Душанбе» (Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Саройкамар» (Панҷ), КМВА (Душанбе), «Барқчӣ» (Ҳисор).
Мусобиқа дар минтақаи Душанбе 23-юми январ оғоз меёбад. Чаҳор дастаи беҳтарин аз ин минтақа ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 роҳ меёбад.
Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб бо 50 000 сомонӣ мукофотонида мешавад. Барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ сарфароз мегарданд.Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки 22-юми феврал дар бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бори ҳафтум Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-ро ба даст овард.
Дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ барои ҷойи сеюм бар тими “Сомон”-и Данғара бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори понздаҳум сурат мегирад. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2025):2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:02013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 6:52014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:02015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:12016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:02017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:12018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:12019 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:52020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:22021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:12022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:42023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:12024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:02025 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА (Душанбе) – 2:0