Дар вилояти Нижегороди Русия додани патент барои муҳоҷирон қатъ шудааст. Шурӯъ аз 1-уми октябри имсол дар ин вилоят муҳоҷирон аз кишварҳое, ки бо Русия низоми раводид (виза) надоранд, наметавонанд иҷозати корӣ бигиранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ба ин гуруҳ шомил мешаванд.