Пайвандони Муродалӣ Алиназаров чор моҳ боз ӯро меҷӯянд. Ин муҳоҷири тоҷик аз дараи Ромити шаҳри Ваҳдат дар Маскав кору зиндагӣ мекард. Рӯзи 30-юми апрел аз хонаи иҷорааш баромада, дигар бенишон шуд. Наздиконаш мегӯянд, шумораи телефонаш нимашабҳо фаъол мешавад, аммо касе ба зангҳо ҷавоб намедиҳад.