Як гуруҳ аз сокинони деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим, ки дар натиҷаи омадани сели рӯзи 4-уми август зарар диданд, аз муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ аз кишвар дархости кумак кардаанд. Мақомот мегӯянд, дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва ба зарардидагон ёрӣ хоҳанд расонд.