Ба хабари манбаъҳои Озодӣ, Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон, “дастгир шудааст”. Мақомот ва хешовандонаш дар ин бора суҳбат накарданд. Искандаров 73-сола аст. Вай дар авҷи рӯёрӯиҳои солҳои навадум ба мақоми раиси Шӯрои олӣ расид ва муддате иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур буд.