Масъулони "Амонатбонк" гуфтанд, баъзе аз муҳоҷирон пулро на тавассути низомҳои интиқоли маблағ, балки бештар ба ҳисоби бонкии хешовандон дар Тоҷикистон мегузаронанд. Ин кор, ба гуфтаи онҳо, "наву соддаву арзон аст", аммо дар охири ҳар моҳ боиси зуд-зуд холӣ шудани банкоматҳо мегардад.