Тоҷикистон метавонад як кишвари озод аз вараҷа (малярия) эълон шавад. Мубориза бо ин бемории тропикӣ, ки ба Тоҷикистон солҳои 1990-ум роҳ ёфт, давоми солиёни зиёд бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ решакан гардид. Тоҷикистон тобистони соли 2021 аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки як ташкилоти вобастаи СММ аст, дархост намуд, ки набуди ин беморӣ дар кишварро сабт кунанд.
Ба иттилои вебсайти расмии “Ховар”, дар таърихи 17 то 26-уми октябр дар Тоҷикистон ҳайате ба намояндагӣ аз раҳбарияти ин созмон қарор дошт ва бо вазъияти беҳдоштии Тоҷикистон ошно шуд. Дар сурати тасдиқ шудани ин ҳолат, баъди се моҳ Созмони ҷаҳонии тандурустӣ метавонад ба Тоҷикистон шаҳодатномаи кишвари орӣ аз вараҷаро тақдим кунад.
Соли ҷорӣ ин созмон талошҳои мақомоти Тоҷикистонро дар мубориза бо фалаҷи атфол ситоиш кард ва гуфт, ки баъди бурузи чанд ҳолати гирифтории кӯдакони эмнашуда ба як навъи фалаҷ, маъракаи сартосарии эмкунии зидди фалаҷ барпо шуд ва Тоҷикистон тавонист ин бемории гузарандаро решакан кунад.
Айни замон, мунаққидон бархӯрди мақомоти тоҷик ба пандемияи коронавирус ва набуди шаффофият дар нашри хабарҳо аз ҳолатҳои гирифторӣ ва марг бар асари ин вируси ҳамагирро дар давоми солҳои ду соли гузашта ба шиддат интиқод кардаанд.