Добавить новость

Первокурсникам колледжа «Подмосковье» рассказали о деятельности волонтерства

Мотоцикл врезался в препятствие и два авто на востоке Москвы

В 2025 году начнутся испытания терапии рака мозга в России

Мособлгаз газифицировал 26-й по счету дом в деревне Назимиха Щелкова



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Темур Раҳимов низ дар мусобиқаи ҷудо дар Олимпиадаи Токио ноком шуд

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, ки субҳи имрӯз, 30-юми июл, дар Олимпиадаи Токио дар мусобиқаи ҷудо дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бар Энди Гранда аз Куба ғолиб омад, дар даври баъдӣ аз Гурам Тушишвилии гурҷӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.


Гурам Тушишвилии 26-сола дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило дар зинаи шашум ва Темур Раҳимови 24-сола дар ҷойгоҳи 17-ум қарор доранд. Ҳамакнун Тушишвили, ки соли 2018 дар Боку ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, имсол дар қаҳрамонии Аврупо ва Grand Slam дар Тел-Авиви Исроил бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудааст, муборизаро барои медали олимпӣ дар Токио идома медиҳад.  


Имрӯз, 30-юми июл, боз ду варзишгар аз Тоҷикистон - Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов - дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод рақобат мекунанд.


Қаблан дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ аз даҳ варзишгари тоҷик панҷ нафар – Шаббос Неъматуллоев ва Сиёвуш Зуҳуров (ҳарду оид ба бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён (ҳарсе дар риштаи ҷудо) - сабқати худро бидуни медал ба анҷом расонида буданд.


Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов, ки дар даври муқаддамотии сабқати бокс дар вазни то 63 кило бар Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, рӯзи 31-уми июл дар даври баъдӣ бо Элнур Абдураимов, варзишгари қазоқтабори узбекистонӣ, рақобат хоҳад кард.


Боз як намояндаи Тоҷикистон – Илдар Аҳмадиев - рӯзи 31-уми июл дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар даври интихобӣ рақобат хоҳад кард.


Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи Токио-2020 нахуст муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило аз Даксианг Чен аз Чин бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.


Сомон Маҳмадбеков, ки дар ду даври муқаддамотии сабқати ҷудо дар вазни то 73 кило бар Аҳмад Аликай аз тими муҳоҷирон ва Файе Нҷие аз Гамбия пирӯз шуда буд, дар даври севум аз Рустам Оруҷеви озарбойҷонӣ шикаст хӯрд.


Акмал Муродов дар даври муқаддамотӣ дар сабқати ҷудо дар вазни то 81 кило бар Ҷоштер Эндрю аз Гуам пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Тато Григалашвилии гурҷӣ мағлуб гашт.


Комроншоҳи Устопириён, ки дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум шуруъ кард, аз Аксел Клергети фаронсавӣ шикаст хӯрд.


Сиёвуш Зуҳуров, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи бокс дар вазни беш аз 91 кило дар даври 1/16-ниҳоӣ аз Мурод Алиев аз Фаронса бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд.


Бояд гуфт, ки се варзишгари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок карда буданд. Ҳафт нафари дигар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.


Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.


Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 67 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 41 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.


Аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо (аввал тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Чин дар мақоми аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 32 медал (15 тилло, 7 нуқра ва 10 биринҷӣ) гирифтаанд.


Мақоми дувумро мунтахаби Ҷопон бо касби 25 медал (15 тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ) азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 41 медал (14 тилло, 16 нуқра ва 11 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.


Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Кумитаи олимпии Русия (9 медали тилло, 12 нуқра ва 9 биринҷӣ), Австралия (8 медали тилло, 2 нуқра ва 10 биринҷӣ), Британияи Кабир (5 медали тилло, 7 нуқра ва 8 биринҷӣ), Кореяи Ҷанубӣ (4 медали тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ), Фаронса (3 медали тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ), Олмон (3 медали тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ) ва Италия (2 медали тилло, 7 нуқра ва 10 биринҷӣ) дохиланд.


Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, варзишгарони Гурҷистон як медали тилло ва ду нуқра, Узбекистон ва Эстония ҳар кадом як медали тилло ва як биринҷӣ, Латвия як медали тилло, Туркманистон як медали нуқра, Украина чор медали биринҷӣ ва Қазоқистон се медали биринҷӣ гирифтаанд.


Вале варзишгарони кишварҳои дигари пасошӯравӣ - Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Литва, Молдова, Озарбйҷон ва Тоҷикистон - то ҳоло дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ медал нагирифтаанд.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Загруженность дорог Подмосковья утром в среду составила 5 баллов

Четыре неудачные попытки: почему Сергей Шнуров не смог обрести семейного счастья

Роман Мадянов будет похоронен на кладбище в селе Малахово в Подмосковье

Группа «Марсель» споет в честь дня рождения Стёпы. «Юмор FM» приглашает

Музыкальные новости

Шедевры Георгия Гараняна исполнит Денис Мацуев. Relax FM рекомендует

Игорь Ларионов стал новым амбассадором Лошадиной силы

Сергей Светлаков пригласил турецкую звезду Бурака Озчивита сыграть в продолжении «Беляковых в отпуске»

Агния Кузнецова в шоу «Вкусно с Анфисой Чеховой» рассказала, как убедила Балабанова взять на роль её однокурсника

Новости России

Андрей Бебуришвили выступит с новой стендап-программой. Партнер «Юмор FM»

Забыть, как жить: как отличить обычную забывчивость от болезни Альцгеймера

Передвижной пункт вакцинации от гриппа начал работать в Мытищах

Вышла книга Александра Фроста «А гоеше маме» – в память о жертвах геноцида Второй мировой войны

Экология в России и мире

Российская мода на «Текстильлегпром»

В городском округе Домодедово проведена агитационно-разъяснительная работа с населением о сохранности имущества.

Новосибирские хирурги провели сложную операцию по удалению опухоли позвоночника

Артем Мелихов возглавил столичную сеть клиник «ABC-медицина»

Спорт в России и мире

Елена Рыбакина снялась с турнира WTA-1000 в Пекине

Токио (ATP). 1-й круг. Хуркач сыграет с Гироном, Берреттини – с ван де Зандшульпом

Эйсинг-777 // Марин Чилич стал самым низкорейтинговым чемпионом турнира АТР

Теннисист Надаль вошел в состав сборной Испании на Кубок Дэвиса

Moscow.media

Братство спасателей с искренней радостью поздравляет с назначением на должность министра чрезвычайных ситуаций Республики Крым

В городском округе Домодедово проведена агитационно-разъяснительная работа с населением о сохранности имущества.

Розовое утро....

Heroje H288BW- портативный сканер штрих-кодов с интерфейсом Bluetooth











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Вечерний кинопоказ в ТРЦ «Нора»: фильм «Друг в океане»

Стала известна точная стоимость билета на ВСМ

Более тысячи человек присоединились к забегу «Кросс нации» в Шатуре

Новый учебный корпус школы открыли в Чертанове Южном