Толибони афғон мегӯянд, нисбат ба ҳамсояҳо ягон нақшаи бад надоранд. Аммо онҳо дар ҳассостарин нуқтаҳои марзи байни ду кишвар гуруҳи “Ансоруллоҳ”-ро масъули марзбонӣ гузоштаанд, ки аъзо ва тарафдоронаш дар Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм таҳти пайгард ҳастанд.