Додгоҳе дар кишвари аврупоии Белгия як дипломати эрониро бар асоси парвандаи бомбгузории пешгиришуда ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Ин нахустин додгоҳе дар Иттиҳоди Аврупо оид ба иттиҳоми терроризм аст, ки баъди инқилоби исломии соли 1979-и Эрон баргузор мешавад.
Дипломати муқими Вена Асадулло Асадӣ рӯзи 4-уми феврал барои талоши анҷоми ҳамлаи террористӣ гунаҳгор дониста шуд. Додгоҳ гуфт, ки ӯ мехост дар ҳодисаҳои моҳи июни соли 2018 дар раҳпаймоии Шӯрои миллии муқовимати Эрон, ки як созмони мухолифи режими Теҳрон аст, ҳамла анҷом диҳад. Се нафари дигар ҳам ба зиндон маҳкум шуданд.
Ҳамлаи тарҳрезишуда дар як амалиёти муштараки нирӯҳои қудратии Фаронсаю Олмон ва Белгия хунсо шуд. Асадӣ, ки нахост дар додгоҳ ҳозир шавад, ҳангоми истироҳаташ дар Олмон боздошт ва ба Белгия таслим карда шуд.
Вакили ӯ Димитрий де Беко гуфт, ки зерҳимояаш худро бегуноҳ меҳисобад, вале вакилони дифои эътирозгарон мегӯянд, дипломатҳо дар баробари иттиҳоми ҳамлаи террористӣ аз масуният бархӯрдор нестанд. Эрон иттиҳоми зидди дипломаташро рад карда гуфтааст, ки баёноти Шӯрои миллии муқовимати Эрон, ки дар дохили ин кишвар террористӣ шинохта шудааст, як дурӯғ аст. Ин созмон қаноти сиёсии гурӯҳи Муҷоҳидони халқ аст, ки дар хориҷа ба сар бурда, ҳадафаш аз байн бурдани режими Ҷумҳурии Исломӣ аст.