Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 май вазъи пешгирӣ аз паҳншавии короновирус дар кишварро бо сарони вилоятҳо, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ баррасӣ кард ва ба онҳо дар мавриди татбиқи қарорҳои Ситоди ҷумҳурии мубориза бо COVID-19 дастурҳо дод.
Ин дастурҳо, тавре ки дар сомонаи интернетии president.tj омадааст, аз тақвияти тадбирҳои феълӣ, "ба аҳолӣ фаҳмондани корҳои пешгирикунанда, риояи дастуру супоришҳои аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳодгардида, манъи чорабиниҳои оммавӣ, истифодаи ниқоб зимни баромадан ба кӯчаву ҷойҳои серодам, безараргардонии муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозору дуконҳо ва гулгашту хиёбонҳо" иборат будаанд.
Ҳамзамон президент Раҳмон ба "ҷоннок намудани кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ" таъкид карда, онро омили тавлиди ғизо, фаровонӣ ва арзонӣ дар бозорҳо донистааст.
Ишораи раҳбари Тоҷикистон ба он ки “мардум бояд ба зиндагии рӯзмарра ва осоишта идома дода, ба реҷаи кории ҳаррӯза ва ҳаёти осоишта дар доираи тадбирҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ идома диҳанд” баёнгари он буда метавонад, ки дар Тоҷикистон вазъи изтирорӣ ё карантин эълон нахоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳо аз афзоиши беморон хабар медиҳанд ва телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 2 май аз марги 2 ва гирифтории 76 кас ба COVID-19 хабар дод. Нозирони вазъ мегуянд, ин рақамҳо эҳтимолан ба маротиб бештаранд ва ҳукумат чораҳои қатъӣ дар пеш нагирифтааст.
Пештар раиси ҷумҳури Тоҷикистон, маоши якмоҳаи худро ба маъракаи пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ва мубориза бо ин бемории ҳамагир дод ва бо дастури дигар барои кумак ба пизишконе, ки бо гирифторони ин беморӣ ва шахсони зери карантин кор мекунанд, аз ҳисоби Фонди захиравӣ 12 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.