Добавить новость

Леонтьев тайно прилетел в Россию и станцевал на частной вечеринке

В Дубне и Талдоме разложили вакцину от бешенства

Несколько автомобилей столкнулись на Лужнецкой эстакаде 

Crocus Group планирует восстановить внешний контур «Крокус Сити Холла»

World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Дар миёни тарс аз хунрезӣ ва бими тақаллуб. Оғози интихоботи Афғонистон.ВИДЕО

Дар миёни тарс аз хунрезӣ ва бими тақаллуб. Оғози интихоботи Афғонистон.ВИДЕО

Дар Афғонистон рӯзи 28-уми сентябр интихоботи ба таъхирафтодаи раёсати ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва бо вуҷуди тарс аз ҳамлаҳои Толибон ва бими такрори тақаллуби зиёд, мардум барои раъйдиҳӣ саф кашидаанд.

Забеҳ Саодат, сухангӯи Кумиссиёни марказии интихоботи Афғонистон рӯзи 28-уми сентябр ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст: “Раъйдиҳӣ дар саросари кишвар оғоз ёфт ва мо хушҳолем, ки мардум аз ҳоло пушти дари марказҳои раъйдиҳӣ саф кашидаанд.”

Дар интихобот 15 номзад рақобат мекунанд, вале номзадҳои аслӣ Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ҳастанд.

Ҳарчанд тадбирҳои амниятиро дар рӯзи интихобот тақвият доданд, мақомот дар  шаҳри Қандаҳор гуфтанд, дар як масҷиде, ки ба маркази раъйдиҳӣ табдил дода шуд, таркише ба вуқӯъ пайвастааст ва 15 нафар захмӣ шудаанд.

Дар посух ба ҳамлаҳои пайвастаи Толибон дар ҳафтаҳои гузашта, ҳукумати Афғонистон тадбирҳои амниятиро тақвият бахшид, то интиқоли демократии қудрат дар кишвари ҷангзада ва 35 миллионнафарӣ ором сурат бигирад.

Барои посбонӣ ва таъмини назму тартибот ва амният дар марказҳои раъйдиҳӣ дар саросари Афғонистон 72 ҳазор маъмури амниятиро сафарбар кардаанд. Раъйдиҳӣ то соати 7 шом идома мекунад. Аз тарси ҳамлаҳои ифротгароёну ҷангҷӯён мақомот аз миёни 7 ҳазор маркази раъйдиҳӣ 2000 тои онро бастаанд, чун дар гузашта Толибон ин марказҳоро тарконда ва раъйдиҳандагонро ҳадаф гирифтаанд. Онҳо пеш аз интихобот ҳам таҳдид карданд, ки дар сурати баргузории  интихобот хунрезиро бештар мекунанд.

Тақрибан 9 миллиону 600 ҳазор нафар барои раъй додан худро сабти ном кардаанд. Аз замони барканории Толибон аз қудрат дар соли 2001 ба раҳбарии Амрико, бори чаҳорум аст, ки дар Афғонистон интихоботи президентӣ сурат мегирад. Юсуф Рашид, мудири Бунёди Интихоботи Озоду Шаффоф дар Афғонистон гуфт, ки раъйдиҳии имсола назар ба интихоботи гузашта беҳтар ҷараён дорад, аммо дар бораи мушкилот, аз ҷумла дар дастгоҳҳои биометрии раъйдиҳӣ гузоришҳо мерасанд.

 

Юсуф Рашид ба Радиои Афғонистони Озод гуфт: “Дар баъзе аз марказҳо, раъйдиҳӣ дер сар шуд, дастгоҳҳои биометрӣ ҳанӯз мушкил доранд, аммо дар муқоиса ба интихоботи пешина, мушкилот камтар аст.”  Муҳаммад, яке аз раъйдиҳандагон дар шаҳри Кобул шикоят кард, ки номашро дар рӯйхат пайдо накардаанд: “Вақте барои раъйдиҳӣ омадам, номамро дар феҳраст наёфтанд. Ҳоло намедонам, чӣ кор кунам.” 

Ашраф Ғании 70-сола ва Абдулло Абдуллои 59-сола ҳукумати ваҳдати миллиро раҳбарӣ мекарданд, ки тафриқаи зиёд дар он вуҷуд дошт. Ҳукумати ваҳдати миллӣ баъди интихоботи баҳсбарангез ва олуда ба тақаллуби соли 2014 бо миёнҷигарии Амрико ташкил шуд. Ашраф Ғанӣ намояндаи қавми паштун аст, ки дар Ғарб таҳсил кардааст ва вазири молияи Афғонистон ҳам буд. Абдулло Абдулло, табиби чашм яке аз аъзои баландпояи Ҷабҳаи Шимол, гуруҳи мухолифи Толибон бештар дар байни тоҷикони Афғонистон обрӯ ва тарафдори зиёд дорад.

Дар миёни номзадҳои дигар, Раҳматулло Набил, раиси собиқи Хадамоти амнияти миллӣ ва ҳам Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз ҷангсолорони ифротӣ ва бадном ҳам ҳастанд.  Нозирон мегӯянд, баъди интихоботи баҳсбарангези соли 2014, ба мушкилот дар низоми интихоботӣ расидагӣ нашудааст. Аз тарафи дигар, фасоди густурда, ноамнӣ боқӣ мондааст ва ба андешаи нозирон мумкин аст, сабаби такрори баҳсу моҷаро байни номзадҳои интихоботӣ шавад. Дар ин сурат мумкин аст, бӯҳрони сиёсии тӯлоние дар Афғонистон сар бизанад ва хатари ҷанги дохилӣ дар ин кишвари дорои қавмҳои гуногун ва ҳамсоя бо Тоҷикистон бештар шавад.

Нозирон ҳамчунин мегӯянд, тарс аз хунрезӣ ва такрори баҳс баъд аз интихобот майли мардумро ба ширкат дар ин корзори муҳим кам кардааст ва мумкин аст, бисёриҳо ба раъйдиҳӣ наоянд.  Дар интихоботи соли 2014 дар Афғонистон тақрибан 60 дар сади мардум ширкат варзидаанд, вале дар интихоботи порлумонии моҳи октябри гузашта фақат 38 дар сад раъй доданд.  Агар дар даври аввали интихоботи имсола ҳеҷ касе раъйи аксариятро ба даст наорад, ду пирӯзи аслӣ дар даври дуввуми интихобот дар рӯзи 23-уми ноябр бо ҳам рақобат мекунанд.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои муқаддамотии интихобот рӯзи 19-уми октябр эълон шавад, чун барои мақомоти интихоботӣ барои расидагӣ ба шикоятҳо ва гирифтани натиҷаҳо аз минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ фурсат лозим аст. Натиҷаҳои ниҳоиро рӯзи 7-уми ноябр эълон мекунанд.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Crocus Group планирует восстановить внешний контур «Крокус Сити Холла»

Как дети Ульяновской области проводят время в летнем лагере

Тулячка заняла 2-е место на Первенстве России по пауэрлифтингу

Фаервумен загорелась во время празднования Дня молодежи в Люберцах

Музыкальные новости

Певец Крид заявил, что бывшие сделали его сильнее

Песков: подаренные Ким Чен Ыном Путину собаки проходят адаптацию в Москве

«Магнит» и Everland запускают социальную программу для молодых людей с инвалидностью в 10 регионах

"Интеррос", "Атомайз", Эрмитаж и Т-Банк готовят второй этап проекта «Цифровое искусство»

Новости России

Стелу памяти в честь пропавших без вести жителей округа открыли в Мытищах

«Пикник Победы» для семей участников СВО провели в Химках

Crocus Group планирует восстановить внешний контур сгоревшего «Крокуса»

Таганрогский Всехсветский храм празднует юбилей

Экология в России и мире

Подвески, шармы и браслеты за покупку брендовой оптики: «585*ЗОЛОТОЙ» анонсировала новую акцию

Владивосток готовится к Всероссийскому молодежному театральному фестивалю “Место силы – Владивосток”

Деликатес в чаше: всего по чуть-чуть

Самой популярной солнцезащитной оптикой в Махачкале стали очки бренда Polaroid

Спорт в России и мире

Теннисисты Котов и Калинская получили приглашение на Олимпиаду в Париже

Уимблдон. 1 июля. Мирра Андреева и Синнер сыграют последним запуском, Медведев стартует в 15:00

Жертва абьюза? В сети разнесли бросившую свою дочку Алесю Кафельникову

Лучшая теннисистка России повторила достижение Рыбакиной

Moscow.media

Военные следователи провели рейд по бывшим мигрантам в Феодосии

Филиал № 4 ОСФР по Москве и Московской области информирует: Родители 240,5 тыс. детей в Московской области получают единое пособие

Городские приметы Петербурга

"Интеррос", "Атомайз", Эрмитаж и Т-Банк готовят второй этап проекта «Цифровое искусство»











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Тулячка заняла 2-е место на Первенстве России по пауэрлифтингу

В Дубне и Талдоме разложили вакцину от бешенства

Леонтьев тайно прилетел в Россию и станцевал на частной вечеринке

Crocus Group планирует восстановить внешний контур «Крокус Сити Холла»