Добавить новость

МФЦ Подмосковья удостоился награды Всероссийского форума

Politico: демократы США впервые дают 2,5 млн долларов на предвыборную гонку

Обыск прошел у екатеринбуржца дома из-за переписки о крафте оружия в видеоигре

Стало известно о миллионных убытках бизнеса внука Пугачевой



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Нишасти Варшава. Майдони баҳси мақомот ва мухолифини тоҷик

Рӯзи 16-уми сентябр дар Варшава, маркази Лаҳистон, нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон оғоз мешавад. Намояндагони мақомот ва мухолифони тоҷик гуфтаанд, ки дар нишаст бо барномаҳои вижа иштирок мекунанд.


Ҳайати расмии Тоҷикистонро ёвари раиси ҷумҳур Зариф Ализода раҳбарӣ дорад. Инчунин, Рустам Ҳайдаров -- муовини мудири Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо, Дилором Маҳкамова -- мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи Носири Хисрави шаҳри Бохтар ва Камолиддин Самиев, сокини ноҳияи Ашт низ дар Варшава қарор доранд. Онҳо дар як навори видеоӣ гуфтанд, "намояндаи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ" ҳастанд.


Мақомот қаблан гуфтанд, ки мисли соли гузашта Айёмиддин Сатторӣ ва Абдураҳим Каримов, ду узви собиқи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро ҳамроҳи худ ба Варшава намебаранд. Аммо Абдураҳим Каримов бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ӯ низ аз номи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар нишасти САҲА иштирок мекунад.


Ҳамзамон намояндагони мухолифин дар хориҷа мегӯянд, дар нишасти Варшава ҳузури фаъол хоҳанд дошт. Сухангӯи созмони Паймони миллии Тоҷикистон Темур Варқӣ рӯзи 4-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “масъулони Паймон мераванд ва баромад мекунанд. Дар тамоми масоили рӯзномаи конфронс омодаем баромад кунем."


"Гуруҳи 24", як созмони дигари мухолифон эълом дшт, ки ба ин ҳамоиш 15 намоянда фиристодааст.


Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҳаракати "Ватандор”, ки дар Олмон зиндагӣ дорад, гуфт, бо пешниҳоди вижае дар ин ҷаласа ҳузур хоҳад ёфт. Ӯ хостори баргузории нишасти алоҳидаи тоҷикон дар ҳошияи конфронси Варшава аст.


"Ҳам тарафи ҳукумат, ҳам тарафи мухолифат ва ҳам шахсиятҳои мустақил ва коршиносон. Дар чанд маҷлиси охир ҳайатҳои Тоҷикистон, ҳатто дастбагиребон шуданд ва боиси хандахариш гаштанд. Се соли охир нишастҳои Варшава бозори "Корвон"- ро ба ёд меовард. Ҳуҷуми мухолифони навруста ба ҳайати ҳукумат боиси хиҷолат буд", -- гуфт ӯ.


Ба қавли раҳбари "Ватандор", Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик ва шоир Бахтиёр Аминӣ низ ба нишасти Варшава мераванд.


Дар нишасти САҲА аз даҳҳо кишвари узви созмон намояндагони мухолифин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукумат иштирок ва мавзуъҳои ҳуқуқи башару озодиҳои сиёсиро баррасӣ мекунанд. Ширкат дар он ихтиёрист. Як намояндаи САҲА дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи талабот танҳо нафароне даъватномаи ширкат мегиранд, ки дар ин нишаст бар асоси муқаррароти созмон амал кунанд.


“Тартиби ширкат дар нишасти Варшава ин аст, ки ҳар давлат, созмон, гурӯҳ, фаъоли ҷамъиятӣ ва нафари хоҳишманди ширкат дар ҷаласа бояд аризаи иштирок дар онро пешакӣ тариқи интернет ба номи созмон фиристад ва баъдан ба номи ӯ даъватнома фиристода хоҳад шуд”,-- гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ. Ин даъватнома маъмулан барои дастрасӣ ба раводиди сафар ба кор меояд.




Нишастҳои байналмилалӣ бо ширкати намояндагони давлат ва мухолифонашон, ки дар Аврупо паногоҳи сиёсӣ ёфтаанд, аксаран зимни моҷароҳо расонаӣ мешаванд. Се сол пеш ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба нишони эътироз аз ширкати мухолифин толори нишасти САҲА дар Варшаваро тарк кард. Пас аз он хабаргузории давлатии “Ховар” ҳушдор дод, ки дафтари ин созмон дар Тоҷикистон баста мешавад ва намояндагони давлат бо мухолифон сари як миз намешинанд.


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз соли 1994 ба ин тараф дар Тоҷикистон ҳузур дорад. Будҷаи дафтар дар соли 2016-ум 7 миллиону 756 ҳазор евроро ташкил медод ва дар он 28 корманди хориҷӣ ва 193 корманди маҳаллӣ кор мекарданд.


Соли 2017 ин созмон мақомашро ба мақоми дафтари барномаҳо поин овард ва бахшҳои маҳаллияшро дар панҷ минтақаи Тоҷикистон баст.


Тағйири мақоми намояндагӣ ба маънои маҳдуд шудани фаъолиятҳои созмон дар Тоҷикистон аст, ки то кунун барои рушди демократия, риояи ҳуқуқи инсон, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ба кишвар кумак мекард.


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамчунин яке аз созмонҳои байналмилалии асосӣ ва нозири интихоботҳои Тоҷикистон аст. Нозирони ин созмон гуфтаанд, то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон одилонаву демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтааст. Соли равон Тоҷикистон дар ин ниҳод ба Форуми амниятӣ сарварӣ мекунад.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Лавров в ООН: Москва осуждает действия Израиля в Ливане

Москвичам пообещали летнюю погоду после похолодания

Новости Петропавловска и СКО за 27 сентября 2024: подключение к теплу, исчезновение сёл, проблемы с водой

Стоит ли отдавать ребенка в частную школу?

Музыкальные новости

Фотограф из Санкт-Петербурга победила во Всероссийском конкурсе «Мы верим твердо в героев спорта»

Медведев предупредил мелкие страны НАТО: Останется "мокрое место"

Стоит ли отдавать ребенка в частную школу?

ТНТ и Кинопоиск представляют первый тизер новогоднего телефильма «Небриллиантовая рука»   

Новости России

Лавров в ООН: Москва осуждает действия Израиля в Ливане

Многие финны искренне уважают Россию, заявил посол РФ

"Фонтанка": в Пулково задержали похитителя ребенка, которого искали семь лет

Автомобили с 1 октября подорожают из-за новых ставок утильсбора

Экология в России и мире

Обучение инъекционной косметологии

Олимпийские ценности: доступное жилье в Иваново сдадут по улучшенному стандарту

НОВЫЕ «ОПАСНЫЕ СВЯЗИ» С НОВЫМ ВЕДУЩИМ НА «ЧЕ!»

Сергей Светлаков презентовал комедию «Беляковы в отпуске» в Москве

Спорт в России и мире

Даниил Медведев вышел во второй круг турнира ATP-500 в Пекине

Эйсинг-777 // Марин Чилич стал самым низкорейтинговым чемпионом турнира АТР

Сафиуллин проиграл Синнеру и не смог выйти в четвертьфинал теннисного турнира в Пекине

Павлюченкова объявила о досрочном завершении сезона

Moscow.media

Интервью с вампиром

Black panties

"Пейзажи Карелии"

Жизнь-штука полосатая...











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Вашкевич: Cтараемся приблизить требования к тем, что ждут игроков в «Локомотиве»

Сенников назвал фаворита матча «Локомотив» - «Спартак»

Посол Махамуд: Президент Чада освободил задержанных в стране Шугалея и Суэйфана

Семшов выбрал победителя в дерби «Локомотива» и «Спартака»