Добавить новость

Воробьев: концертного зала на месте сгоревшего «Крокуса» не будет

17-летнего оренбуржца избил покупатель за неработающую видеокарту

МВФ: доля китайского юаня сократилась в резервах до минимума с 2020 года

Видео: в Москве на девятом этаже многоквартирного дома произошел пожар



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Таваллуди Зулайхо дар Абхозистон бозгашт ба Тоҷикистонро мушкил кард

Таваллуди Зулайхо дар Абхозистон бозгашт ба Тоҷикистонро мушкил кард

Тифли як солаи тоҷик, ки дар Абхозистон ба дунё омадааст, санаде дорад, ки аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон онро эътироф намекунанд.

Ин мушкил боиси дармондани Зулайхо ҳамроҳ бо падару модар ва ду хоҳараш дар ин минтақа шудааст. Талоши онҳо барои бозгашт ба Тоҷикистон соле боз бенатиҷа аст.

Зулайхо фарзанди сеюми Шафоатхон Фадхудинова ва Файзраҳмон Партоев, шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Ин хонавода ду сол боз дар шаҳри Сухумӣ, пойтахти Абхозистон- як ҷумҳурии эътирофношуда, зиндагӣ мекунанд. Партоев, падари хонавода, дар мағозаи фурӯши кошинҳо ба ҳайси боркаш фаъолият дорад.

Шафоатхон Фадхудинова, модари Зулайхо дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими таваллуди фарзанди сеюмро надошт. Мехост, ҳамли батнашро дар якмоҳагӣ исқот (аборт) кунад, вале дертар фаҳмид, ки қонунҳои Абхозистон инро манъ кардааст. 

"Августи соли 2018 Зулайхо ба дунё омад ва мақомот ба мо шаҳодатномаи таваллуд доданд. Шавҳарам санадҳоро гирифта, ба дукони фурӯши чиптаи ҳавопаймо рафт. Он ҷо гуфтанд, ки ба номи духтари хурдӣ чипта намефурӯшем ва ҳамчунон огоҳ кардаанд, ки бо ин санад мо марзи Абхозистон ва Сочӣ (яъне, Русия)-ро гузашта наметавонем»,-- гуфт Фадхудинова.

Ин модар мегӯяд, ба онҳо гуфта шуд, ки ин мушкилро танҳо намояндагии Тоҷикистон дар Абхозистон ҳал карда метавонад. Тоҷикистон Абхозистонро эътироф намекунад ва дар он ҷо намояндагӣ низ надорад. Русия аз камтарин кишварҳои дунёст, ки Абхозистонро ба расмият мешиносад ва бо ин ҷумҳурии эътирофношуда робитаи хуб дорад. Аз ҳамин лиҳоз, шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи Русия ба ин минтақа мераванд, вале ба мушкили ҳуқуқӣ гирифтор мешаванд. 

Файзраҳмон Партоев, падари хонавода мегӯяд, солҳост дар Абхозистон кор мекунад. Аз ҷойи кораш ба ӯ манзил барои зист доданд ва ӯ зану фарзандонашро наздаш даъват кард. Ду фарзанди бузургаш бояд мактаб бираванд ва ба ҳамин хотир мехост ҳамсараш ба Тоҷикистон баргардад. Ин хонавода дар банди санадҳои Зулайхо мондаанд, ки ба ҷуз Абхозистон дигар ҷое ба кор намеоянд. Фарзандонаш низ ин ҷо таҳсил карда наметавонанд.

«Иқлими ин ҷо хеле гарм аст. Дар ду соли охир зимистон барф наборидааст, танҳо борон меборад. Завҷаам ҳам каме аз беморӣ ранҷ мебурд ва иқлими гарм барои ӯ фоидаовар аст, аз ин рӯ, ин ҷо мондем. Акнун, намедонам ба куҷо муроҷиат кунам, то ки ба Ватан баргардем»,-- гуфт ӯ.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки борҳо аз шаҳрвандон хостаанд, то аз сафар ба ин минтақа худдорӣ варзанд, аммо боз ҳам тоҷикон он ҷо мераванд.

«Дар гузашта ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин минтақа дармонда буданд, ба мо муроҷаит карданд ва мо ёрии ҳуқуқӣ расонидем. Ин оила ҳам, расман, ба мо муроҷиат кунад, дар таҳияи санадҳо кумак хоҳем кард»,-- гуфтанд дар сафорат.

Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ, ки ҳоло худро кишвари мустақил эълон кардаанд, то соли 2008 қаламрави Гурҷистон шинохта мешуданд. Русия, моҳи августи соли 2008, пас аз ҷанги панҷрӯза бо Гурҷистон  ин ду минтақаро ҳамчун давлатҳои мустақил ба расмият шинохт. То ҳол Абхозистонро Русия, Никарагуа, Венесуэла, Вануату ва ҷазираи Науру ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистон Абхозистонро ба расмият нашинохтааст ва мантиқан санадҳое, ки ин минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон содир кардааст, эътироф намекунад.

Ислом Текушев, сардабири пойгоҳи иттилоотии «Caucasus Time» ва таҳлилгари минтақа мегӯяд, пас аз соли 2008-ум ба ҷуз Русия ва чанд кишвари Амрикои Лотин дигар кишварҳо Абхозистонро ба расмият нашинохтанд ва сокинонаш бо шиносномаҳои худ наметавонанд ба хориҷа раванд.

Ба гуфтаи ӯ, аксари сокинони Абхозистон роҳи ҳалро дар гирифтани  шиносномаи русӣ пайдо кардаанд.

"Аз гузаргоҳи Псоу, ки дар марзи вилояти Краснодари Русия ва Абхозистон аст, ҳар сол беш аз миллион нафар сайёҳони рус убур мекунанд ва дар шиносномаҳои онҳо муҳри ду ҷониб гузошта мешавад. Мувофиқи қонунҳои Гурҷистон ин нафарон марзи ин кишварро ғайриқонунӣ убур мекунанд. Агар нафаре дар шиносномааш муҳри гузаргоҳи Псоу бошад, мақомоти Гурҷистон ҳақ доранд, ӯро боздошт кунанд. Аммо тавре мушоҳида мешавад, мақомоти Гурҷистон ин муҳрро дар шиносномаи шаҳрвандон бинанд ҳам чашм мепӯшанд. Эҳтимол дар Гурҷистон чунин як дастури ғайрирасмие ҳаст, ки мақомот инро сарфи назар мекунанд",-- иброз дошт Текушев. 

Дар гузашта низ даҳҳо нафар сокинони Тоҷикистон дар марзи Русия ва Абхозистони эътирофношуда дармонда буданд. Аз ҷумла, соли 2013 беш аз 20 нафар муҳоҷири тоҷик, ки дар Абхозистон кор мекарданд, ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат карда буданд, ки наметавонанд, аз ин кишвар ба Русия ворид шаванд. Ба ин далел Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри як баёния шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки бинобар надоштани равобит ва муносибатҳои дипломатӣ ба Абхозистон сафар накунанд.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Леонтьев тайно прилетел в Россию и станцевал на частной вечеринке

Сжег детей, потому что бесили. Поджигателю общежития дали пожизненное

Фаервумен загорелась во время празднования Дня молодежи в Люберцах

Несколько автомобилей столкнулись на Лужнецкой эстакаде 

Музыкальные новости

Витаводород — живая мыслящая материя, основа жизни на Земле

Участники VK Fest смогут проверить свое здоровье на стенде «Будь Здоров»

Бизнес наставник для предпринимателей – ключ к успеху в бизнесе

Песков: подаренные Ким Чен Ыном Путину собаки проходят адаптацию в Москве

Новости России

Crocus Group планирует восстановить внешний контур сгоревшего «Крокуса»

Арбитр матча Германия — Дания Оливер прервал игру из-за непогоды

Нужна деликатность: депутат Хамзаев высказался об инициативе запрета на ношение никаба

Тулячка заняла 2-е место на Первенстве России по пауэрлифтингу

Экология в России и мире

Отборочный этап «Абилимпикса» прошел в Реутове

Итоги творческой встречи с Алексеем Данилиным

Участники VK Fest смогут проверить свое здоровье на стенде «Будь Здоров»

Аромат романса и романтика слова – звезды оперной сцены представили I Международный фестиваль «Мир классического романса»

Спорт в России и мире

Касаткина и Шнайдер завоевали по трофею, Швейцария выбила Италию на Евро. Главное к вечеру

Тернистый путь: Медведеву и Андреевой не повезло с жеребьёвкой на Уимблдоне, у Калинской и Рублёва сетки полегче

Первая ракетка России Касаткина выиграла теннисный турнир в Британии

WTA "кинул" Рыбакину и Швентек

Moscow.media

Под Орлом «Газель» столкнулась с большегрузом. Один из водителей скончался

Nubes (НУБЕС) предоставил масштабируемое облако для платформы Qrooto

Состоялась церемония вручения премии Men Today Trends

"Интеррос", "Атомайз", Эрмитаж и Т-Банк готовят второй этап проекта «Цифровое искусство»











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Как дети Ульяновской области проводят время в летнем лагере

Нужна деликатность: депутат Хамзаев высказался об инициативе запрета на ношение никаба

Crocus Group планирует восстановить внешний контур «Крокус Сити Холла»

Сжег детей, потому что бесили. Поджигателю общежития дали пожизненное