Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз афзоши, ба гуфтаи он "рекордӣ" ё бесобиқаи гардиши савдои хориҷии кишвар хабар дод. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба бештар аз 7,5 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба як соли пеш 20,1 дарсад зиёд будааст.
Дар пайи сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон чандин нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафтааст. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал дар хабарномае гуфт, сӯхтор шаби 18-уми феврал дар маркази савдои “Фархундаи Шӯҳрат” сар зад ва алангаи оташ дар масоҳати 240 метри мураббаъ паҳн шуда, 13 нуқтаи хизматрасониро фаро гирифтааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор 7 мошини оташнишонӣ ва беш аз 80 маъмури Идораи сӯхторхомушкунӣ сафарбар шудаанд. Зарари расида аз ин оташсӯзиро мақомот эълон накардаанд... Читать дальше...
Шумораи қурбониёни заминларзаи харобиовар дар Туркия ва Сурия ба беш аз 45 ҳазор нафар расид. Ба навиштаи хабаргузории Рейтерз, наҷотдиҳандагон 39 ҳазору 672 ҷасадро дар Туркия ва беш аз 5800 ҷасадро дар Сурия аз зери харобаҳо берун кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ қадар одам бенишон шудаанд. Дар Туркия беш аз сад нафарро, ки дар сохтмони баландошёнаҳои харобшуда саҳм доштанд, боздошт карданд. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки хонаҳоро берун аз қоидаҳои ба зилзила тобовар сохтаанд. Субҳи 6-уми... Читать дальше...
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баъзе ҷузъиёти гуфтугӯи Душанбе ва Бишкек дар масъалаи аломатгузории марзро шарҳ дод. Сироҷиддин Муҳриддин 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли гузашта Тоҷикистону Қирғизистон наздик ба 20 километри дигари хати марзро муайян кардаанд.
Дар шимолу шарқи Сурия нерӯҳои амрикоӣ дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои курд як раҳбари баландмақоми ДОИШ-ро куштанд. Ҷо Баккино, намояндаи Фармондеҳии марказии Амрико ба расонаҳо гуфтааст, ки Ҳамза-ал-Ҳомсиро тариқи назорати чархболӣ пайдо карданд. Дар амалиёти зиддӣ ӯ чор низомии амрикоӣ ва як саг захмӣ шудааст. Аҳолии маҳаллӣ осеб надидаанд. Ин амалиёт бо нерӯҳои демкоратии Сурия, ки аксаран курд ҳастанд, ҳамоҳанг шуда будааст. Ҷузъиёти он ҳанӯз маълум нест. Нерӯҳои курд, як бахши калидии мубориза бо ДОИШ дар ҳудуди Сурия ва Ироқ буданд.
Раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзода, ки ба ду сол зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбас баромада ба ҳабси сукунатӣ гузаронда шудааст. Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ рӯзи 16-уми феврал хабар дод. Шоҳиён дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, Муҳаммадзода дар гирифтани 1,5 ҳазор доллар гунаҳкор шуд. Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, Ҳомидҷон Муҳаммадзода "озод нашудааст, балки аз ҷойи маҳрумӣ аз озодӣ ба муассисаи сукунатӣ гузаронда шудааст. Адои ҷазои ҷиноятӣ идома дорад."... Читать дальше...
Солҳои ахир дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ҳам лаҳҷаро мешунавед. Вазир аст, раис аст, ё ҳар каси дигар ҳеч эътиное ба забони адабӣ намекунад ва бо ҳар лаҳҷае, ки хоҳад гап мезанад.