Рӯзи 14-уми август дар Ҳаитӣ, кишваре дар минтақаи ҷазираҳои Кариб, Амрикои Марказӣ, аз заминҷунбие, ки нерӯяш 7,2 дараҷаи ҷадвали Риштер номида мешавад, 724 нафар ба ҳалокат расида, ба камияш 2800 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Шайх Рашид Аҳмад, вазири корҳои дохилии Покистон, рӯзи 15-уми август хабар дод, ки гузаргоҳи Торхамро дар сарҳад бо Афғонистон бастанд.
Бино бар маълумоти як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, пас аз исти кӯтоҳ дар Душанбе ба Умон парвоз кардааст.
"Муҳим он нест, ки Толибон ... пирӯз мешаванд, балки он аст, ки мо имрӯз фоҷеаро дарк мекунем, ки Толибон худ Афғонистон ҳастанд, мефаҳмед?"
Ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" барои пурра зери назорат гирифтани ҳама гӯшаҳои Афғонистон наздик шудаанд. Дар ҳоли ҳозир пойтахт, шаҳри Кобул, ягона минтақаи асосии зери итоати ҳукумат аст.
Як ҳамватанамонро мешиносам, ки ҳар гоҳ ба таърифи корҳояш пардозад, суханро ин гуна оғоз мекунад: "Ба даргоҳи Худо миннат нашавад" ва ба миннат кардан идома медиҳад.
Лоиқ Раҷабов, варзишгари шинохтаи тоҷик, ки дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта ё PFL (Professional fight league) Алекс Мартинесро аз Парагвай шикаст дод, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Шумори расмии гирифторони коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 16 ҳазору 61 кас расид. Намояндагони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, танҳо дар рӯзи 14-уми август бемории 78 нафарро сабт карданд.
Дар таркиши як мошини нафткаш дар Лубнон ба камияш 20 нафар ҷон бохтаанд. Кумитаи Салиби Сурх низ рӯзи 15-уми август хабар дод, ки ин миқдор ҷасадро аз маҳалли ҳодиса дар ноҳияи Аккар берун оварданд.
Дар ҳоле ки мақомот расман ба матлаби сомонаи чинии "Мавҷи озод" дар мавриди танфурӯшӣ ва хадамоти арзони фоҳишаҳо дар Тоҷикистон посух надоданд, садҳо нафар дар Интернет ба он вокуниш карданд. Танҳо дар вебсайти Радиои Озодӣ шарҳи 100 кас нашр шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 15-уми август дар эъломияе гуфт, ки шаби гузашта 84 кас, аз ҷумла се захмӣ, аз Афғонистон ба қаламрави ин кишвари Осиёи Марказӣ гузаштаанд.
Дар назар аст, ки барои пешгирӣ аз густариши вируси корона дар шаҳрҳои бузурги Эрон маҳдудияти шашрӯза ҷорӣ гардад.
Ҷангҷӯёни Толибон шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳорро тасарруф кардаанд. Акнун аз миёни шаҳрҳои бузург танҳо Кобул дар дасти ҳукумат мондааст.
Мавзӯи Афғонистон ва бахусус ояндаи ин давлати ҳамсояи Тоҷикистон, ки бо ҳам 1400 километр сарҳад доранд, барои сокинони кишвар бефарқ нест.