Дар соли равон президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 36 сафари хориҷиро ба нақша гирифтааст. Дар ин бора раҳбари Пресс-клуби байналмилалӣ Шерзодхон Қудратхуҷаев хабар дод. Президенти Узбекистон 20 январ бо сафари расмӣ ба Олмон рафт. Қарор аст, ӯ бо президент Франк-Валтер Штайнмайер, садри аъзам Ангела Меркел ва раҳбари Бундестаг Волфганг Шойбле дар Берлин дидору гуфтугӯ кунад. Мирзиёев сафари хориҷии худро дар соли равон аз Ҳиндустон оғоз кард. Ӯ рӯзҳои 17-18 январ дар як ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар Ҳиндустон иштирок дошт. Читать дальше...
Давоми соли 2018 танҳо 21 дарсад нахи пахтае, ки дар Тоҷикистон истеҳсол шуд, дар корхонаҳои дохилӣ коркард шудаасту тамом. Ба иттилои мақомот, бинобар пурра коркард нагардидани нахи пахта дар дохил, содироти он ба берун афзоиш ёфтааст.
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки аз бозигарони зери 17-сола таркиб ёфтааст, дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» дар Минск аз тими мизбон – мунтахаби Беларус – бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд.
Дар Узбекистон яке аз се ҳавопаймои "British Aerospace Avro RJ85"-и ширкати "Uzbekistan Airways"-ро фурӯхтанд, ки соли 1997 махсус барои раҳбарияти ин кишвар сохта шуда буданд. Дар ин бора шабакаи AviaSpotter иттилоъ додааст. Ин ҳавопаймо барои президенти пешини Узбекистон Исом Каримов хидмат мекард. Солҳои 1997-2013 Каримов бо ҳавопаймои мазкур ба минтақаҳои Узбекистон ва кишварҳои наздик сафар менамуд. Ду ҳавопаймои дигар -- UK-8002 ва UK-80003 низ барои фурӯш омодаанд.
Дар шаҳри Душанбе маҷлиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ шуд. Қарор аст дар ҷаласа масъалаҳои муҳим барои кишвар баррасӣ гардад ва эҳтимол тағйиротҳои кадрӣ низ сурат бигирад. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 баррасӣ мегарданд. Маҷлиси васеи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раис ҳукумат баргузор мегардад. Читать дальше...
Артиши Исроил дар баёнияе гуфтааст, ба нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эрон дар Сурия, ҳамла кардааст.
Дастаҳои мунтахаби футболи Ветнам, Чин ва Эрон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфтанд.