Роҳбарони ҷиноҳҳои порлумонии "Ота Макон" ва "Бир бол" пешниҳод карданд, ки то соли 2070 ба иктишоф ва истихроҷи уран дар Қирғизистон моратория эълом шавад.
"Уран - сарвати гаронбаҳо аст. Аммо радиатсия ба муҳити зист ва саломатии одамон хатари калон дорад. Агар мо то соли 2070 моратория эълом кунем, касе наметавонад зиён расонад. Мардум ба ин кор иҷозат намедиҳад. Бигзор насли оянда бо истифода аз технологияи пешрафтатарин уранро истихроҷ кунад", - гуфт Алмамбет Шикмаматов, роҳбари ҷиноҳи "Ота Макон".
Ширкати "ЮрОсиё дар Қирғизистон" тасмим дорад, ки дар ноҳияи Тони вилояти Иссиқкӯл уран истихроҷ кунад. Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон талаб карданд, ки коркардаи кони уран қатъ шавад. Корбарон мегӯянд, истихроҷи уран ба муҳити зист ва сиҳатии одамон зарар мерасонад.
Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22 апрел дастур дод, ки то анҷоми хулосаи ташхиси экологӣ корҳои иктишофӣ ва истихроҷ дар кони уран қатъ шавад.
Ширкат мегӯяд, тасмим дорад, барои истихроҷи уран аз технологияи бехатар истифода кунад.