Шаби 24-уми апрел дар маҳаллаи "Гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе" садои таркиш шунида шуд. Сокинони атрофи маҳалли ҳодиса гуфтанд, садои таркиш то ҳадде баланд буд, ки хонаҳоро ларзонд.
Як масъули идораҳои фавқулода дар маҳалли ҳодиса дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "расиши ноқилҳои баландшиддати нерӯи барқ ба вуқуъ пайвастааст, ки аз зери замин мегузарад". Вай афзуд, "ворид шудани об ба шабакаи зеризаминии хатҳои интиқоли барқ ба ин вазъ сабаб гардид".
Дертар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар иттилоияи расмӣ ҳодисаро тасдиқ кард. Мақомоти вазорат гуфтанд, "санаи 24 апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 21.00 дар натиҷаи бориши зиёди борон дар кӯчаи Аҳмади Дониш чоҳи амудӣ (калодетс) пур аз об шуда, расишҳои кӯтоҳи ноқилҳои барқ ба амал омад. Дар натиҷа таркиши хурд ба вуқӯъ пайвастааст."
Вазорати умури дохилӣ гуфт, аз ин ҳодиса "наздик ба 5 метр роҳи пиёдагард хароб шуда, ягон нафар аз шаҳрвандон ҷароҳат набардоштааст."
Айни ҳол наҷотдиҳандагон, маъмурони милиса ва мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва маҳалли таркиш аз чаҳор тараф бастааст.
Рӯзи 24-уми апрел дар Душанбе борони сахт борид. Дар оғози моҳи ҷорӣ низ дар натиҷаи бориши борон дар баъзе аз маҳаллаҳои пойтахт сел омад ва ба камияш як соат роҳҳои асосии Душанбе зери об буданд. Он дафъа низ роҳи наздики фурудгои байналмилалӣ пур аз об шуда буд.