Бино ба гузориши расонаҳои Эрон, раиси ҷумҳур Ҳасан Руҳонӣ ва Имронх Хон, нахуствазири Покистон ба мувофиқа расидаанд, то барои муқобила бо терроризм гуруҳи муштараке аз неруҳои марзбонӣ таъсис диҳанд.
Хабаргузориҳои давлатӣ аз қавли Ҳасан Руҳонӣ рӯзи 22-уми апрел навиштанд: “Мо созиш кардем, неруҳои зудамал барои муқобила бо терроризм дар марз таъсис ёбад.” Имрон Хон бо як сафари расмӣ вориди Теҳрон шудааст.
Аз ин пештар Эрону Покистон ҳамдигарро ба он муттаҳам карданд, ки барои маҳви тундравон дар наздикии марз ба қадри кофӣ кӯшиш ба харҷ намедиҳанд.
Имрон Хон дар нишасти хабарӣ гуфтааст, “Покистон ба ҳеҷ гуна гуруҳи ошӯбгар иҷоза намедиҳад, дар қаламраваш фаъолият кунанд.” Ӯ афзуд, мушкили терроризм сабаби “ихтилофи афзоянда” дар байни ду тараф шудааст.
Расонаҳои Эрон навиштанд, ки Имрон Хон дар сафари нахустинаш ба Эрон дар бораи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, мубориза бо терроризм ва посбонии марзҳо гуфтугу мекунад.