Ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини сарвазир Элёр Ғаниев ва ҳайати Қирғизистон бо роҳбарии ноиб-сарвазир Жениш Раззоқов 20 апрел дар Фарғонаи Ӯзбекистон мулоқот карданд.
Дар ин мулоқот роҳбарони вилоятҳои наздимарзии ду кишвар ҳам мулоқот карданд.
Ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон, ҷонибҳо масъалаи кушодани гузаргоҳҳои марзие навро баррасӣ карданд. Дар поёни мулоқот протокол имзо шуд.
Намояндагони ду кишвар ба созиш расиданд, ки дар фурсатҳои наздик барои муайнсозӣ ва аломатгузории марз дар ҳудуди Қирғизистон мулоқот кунанд.