Дар ҷараёни 25-умин марафони хайрияи Фаронса барои мубориза бо вируси норасоии масунияти бадан - ВИЧ ва СПИД 4,5 миллион евро ҷамъ шуд.
Ба иттилои Радиои байналмилалии Фаронса (RFI), ин маъракаи хайрия ҳамасола зери унвони "Sidaction" аз сӯи анҷумане бо ин ном баргузор мешавад, ки пажӯҳишҳои илмӣ ва барномаҳои марбут ба ВИЧ-ро сармоягузорӣ мекунад. Маъракаи имсола 5, 6 ва 7 апрел баргузор шуд.
Бо пуле, ки дар маъракаи соли гузашта ҷамъ шуда буд, 37 тарҳи илмиро сармоягузорӣ ва 35 донишманди ҷавонро дастгирӣ карданд ва ҳамчунин беш аз 100 барномаи марбут ба ВИЧ дар кишварҳои гуногун амалӣ шуд.
Анҷумани Sidaction-ро соли 1994 яке аз муассисони хонаи мӯди Yves Saint Laurent Пер Берже ва ҳунарманд Лин Рено таъсис доданд.
Ба ҳисоби СММ, соли 2016 дар рӯи замин ҳудуди 37 миллион одами гирифтор ба ВИЧ зиндагӣ дошта, ҳамон сол марги як миллион тан аз ин вирус ба қайд гирифта шудааст.