Дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон ду ҳафта боз нерӯи барқро бе эълони қаблӣ аз нимашаб хомӯш мекунанд. Бисёре аз сокинон мегӯянд, ҳоло ҳам рӯзона ва ҳам шабона барқ надоранд ва мақомот ҳам шарҳ намедиҳанд, ки сабаби маҳрум кардани онҳо аз барқ чист.