Табибони тоҷик мегӯянд, вазъи сиҳатии се марзбон, ки дар кӯҳистони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин роҳгум зада, сахт сармо хӯрдаанд, беҳтар мешавад. Яке аз табибони Маркази саломатии ҷамоати Ёл, ки сарбозон онҷо муолиҷа мегиранд, рӯзи 21-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи ду сарбоз хуб шудааст ва фақат яке аз онҳо, ки пойҳояш тар шуда, сахт сармо хӯрдаанд, ба муолиҷаи бештар эҳтиёҷ дорад.
“Ҳангоми роҳгум задан, пояш дар даруни об задааст, ки сахт сармо задааст. Аммо худаш роҳ меравад ва вазъаш беҳтар мешавад” – гуфт, табиби марказ. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, сарбозон ба сабаби барфи зиёд ва тумани ғафс роҳгум задаанд ва онҳоро рӯзи 20-уми январ ёфтаанд. “Ҳамон якеро, ки пойҳояш сахт сармо хурдааст, бо мошин овардем, ду нафарашон худашон омаданд” - гуфт, ӯ.
Фармондеҳони воҳиди низомие, ки марзбонон онҷо хидмат мекунанд, ба аёдати онҳо омадаанд ва қарор аст, ҳарсе сарбозро барои муолиҷа ба шифохонаи ноҳиявӣ баранд. Надоштани васоили муносиби мухобиротиро яке аз сабабҳои роҳгум задани марзбонони тоҷик медонанд.