Шин Раян - сухангӯи Эътилофи ба раҳбарии Амрико дар Сурия гуфт, ихроҷи нерӯҳо аз ин кишвар шуруъ шудааст. Ӯ рӯзи 11-уми январ бо нашри як баёнияе гуфт, “берун кашидани неруҳо аз Сурия оғоз ёфт”, вале ҷузъиётеро ироа накард.
Вай афзуд, ки бо назардошти амниятӣ, ҷадвали замонӣ, макони неруҳо ва ҳаракати онҳоро ошкор намекунанд. Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар Бритониё қароргоҳ дорад, гуфт, ки неруҳои ба раҳбарии Амрико ҳузури худро дар майдони ҳавоии Рмейлан, дар вилояти Ҳасакия оғоз кардаанд.
Ба гуфтаи созмон, баъди эълони Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар рӯзи 19-уми декабр “бори аввал аст, ки нерӯҳои амрикоӣ” аз Сурия хориҷ мешаванд. Трамп гуфтааст, ки дар маҷмуъ 2000 сарбози амрикоиро аз Сурия хориҷ мекунад. Ин қарори Трампро шарикони Амрико танқид карданд.