Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, дар Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 ба мубориза аз марҳилаи плей-офф шуруъ мекунад. Хуҷандиҳо дар ин марҳила бо ғолиби даври муқаддамотӣ вориди рақобат мешаванд.